Абдулҳаким Розиқзода
Абдулҳаким Шералӣ Розиқзода – таърихнигор, доктори илмҳои таърих, профессор. ЗиндагиномаБаъд аз хатми мактаби миёна солҳои 1977-1982 дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил намуда, аз соли 1983 то соли 1986 дар мактаби миёнаи №7 ноҳияи Москва (Ҳамадонии кунунӣ) ва аз соли 1986 то соли 1989 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ба омӯзгорӣ машғул будааст.
Фаъолияти илмӣСолҳои 1989-1993 давраи аспирантураро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сипарӣ ва соли 1994 дар мавзӯи «Истеҳсолоти косибию ҳунармандии Бухорои Шарқӣ дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX» рисолаи номзадиро ҳимоя намудааст. Соли 2002 рисолаи докториро дар мавзӯи «Таърихи ташкилёбӣ ва фаъолияти милитсияи Тоҷикистон» ҳимоя карда, сазовори унвони илмии доктори илмҳои таърих гардидааст. Абдулҳаким Розиқзода яке аз муҳаққиқони эътирофшудаи таърихи милитсияи Тоҷикистон ба шумор рафта, оид ба мавзӯи мақомоти ҳифзи тартиботи Ҷумҳурии Афғонистон низ якчанд мақолаҳо ба нашр расонидааст. Муаллифи 7 монография, 3 филмнома ва зиёда аз 150 мақола оид ба таърихи касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ҷанбаҳои гуногуни таърихи милитсияи Тоҷикистон мебошад.[1] Эзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia