Александр Семёнов
Алекса́ндр Алекса́ндрович Семёнов (30 сентябр [12 октябр] 1873, уезди Шатки[d], губернияи Тамбов[d] — 16 ноябр 1958[1], Тошканд) — шарқшиноси рус ва шӯравӣ, доктори илмҳои таърих, профессор, яке аз асосгузорони Донишгоҳи Тошканд, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951). Аз соли 1954 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон буд. ЗиндагиномаАлександр Александрович Семёнов дар губернияи Тамбов (вилояти Рязан, Русия) соли 1873 ба дунё омадааст. Баъд аз хатми Институти омӯзгории Тамбов дар Институти забонҳои шарқшиносии Лазареви шаҳри Москва таҳсил кардааст ва соли 1900 бо ихтисои ориенталист, ба охир расонидааст. Соли 1898 бори аввал ба экспедитсияи илмӣ ҷониби Самарқанд, кӯҳҳои Заравшон, Қаротегин, Дарвоз то водии дарёи Панҷ сафар намуда асари «Этнографические очерки Зарафшанских гор, Каратегина и Дарваза» (1903) иншо намудааст. Соли 1906 ба Туркистон интиқол шуда дар вазифоҳои гуногун кор кардааст. Дар даврони Ҳокимяти шӯрави ба фаъолияти илмӣ гузаштааст. Ӯ яке аз асосгузорони Донишгоҳи Тошканд буда онҷо дарс мегузашт. Баъди баста шудани Донишгоҳи Тошканд соли 1931 ба Тоҷикистон даъват шудааст. Аз соли 1954 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон буд. Семёнов 16 ноябри соли 1958 дар шаҳри Тошканд даргузашт.[2] Фаъолияти илмӣА. А. Семёнов яке аз мутахассисони варзидаи сарчашмаҳои дастнависҳои шарқӣ (форсӣ-тоҷикӣ) ва таърихи ислом дар Осиёи Миёна буд. Ӯ дар тарҷумаи дастнависҳои мазҳаби исмоилӣ саҳми хешро гузоштааст. Солҳои 1952—1963 бо иштироки ӯ 7 ҷилд «Маҷмуаҳои дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзекистон» шашр шудаанд. Инчунин асрҳои — «Мукимханская история» Мухаммад Юсуфи Мунши, «Убайдулла наме» Мир Мухаммед Амин-и Бухари, ва «Дневник похода Тимура в Индию» Гийасаддини Али ба забони русӣ нашр шудааст. Осор
Эзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia