Асадулло Саъдуллоев
Асадулло Саъдуллоев (22 сентябри 1940, ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҶШС Тоҷикистон — 4 феврали 2016, Душанбе, Тоҷикистон) — омӯзгор ва рӯзноманигори тоҷик, доктори илмҳои филология (1996), профессор (1998). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1984). Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1969), Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1992), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2004), Аълочии телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон (2010). ЗиндагиномаАсадулло Саъдуллоев 22 сентябри соли 1940 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна ба факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (феълан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил ва онро соли 1962 хатм мекунад. Солҳои тӯлонӣ дар нашрияҳое чун «Маориф ва маданият», «Газетаи муаллимон» ва «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») кор кардааст. Минбаъд, ба муҳассилини Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамчун муаллими калони кафедраи фолклор ва адабиёти ИҶШС (1980—1984) ва омӯзгори Донишгоҳи Кобул (1984—1987) кор кардааст. Давоми солҳои 1992—2000 ва 2007—2009 ба кафедраи телерадиожурналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон роҳбарӣ карда, тӯли солҳои 2002—2005 декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2009 профессори кафедраи ВАО-и чопӣ ва PR Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон. Ӯ 4 феврали 2016 дунёро падруд намудааст.[1] Фаъолияти илмӣАсадулло Саъдуллоев соли 1978 рисолаи номзадӣ ва соли 1996 рисолаи докториашро ҳимоя намуд. Муаллифи 31 монография, 160 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва методӣ оид ба масъалаҳои назария ва амалияи журналистикаи ҷумҳурӣ. Иштирокчии якчанд конфронсҳои илмии байналмилалӣ. Осор
Ҷоизаҳо
Нигаред низЭзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia