Википедиа:Дастури интихоботи мудирон ва девонсолоронҚабул аз рӯи овоздиҳӣ, ки аз 5 то 17 апрели соли 2016 барпо гашт. Дар қудрат аз 18 апрели соли 2016 (UTC). Кӣ метавон номзади мудир шавад?Номзад ба мудири Википедиа метавон корбаре бошад, ки якбора ҷавобгӯи чунин талабот бошад:
Номзадҳое, ки ба ҳар яке аз ин талабот ҷавобгӯ набошанд, яке аз девонсолорони фаъоли Википедиа, дархостро бояд рад кунад. Кӣ метавон номзади девонсолор шавад?Номзад ба девонсолори Википедиа метавон корбаре бошад, ки якбора ҷавобгӯи чунин талабот бошад:
Номзадҳое, ки ба ҳар яке аз ин талабот ҷавобгӯ набошанд, яке аз девонсолорони фаъоли Википедиа, дархостро бояд рад кунад. Номзадҳое, ки қаблан худро пешбарӣ намуданд ва онҳое ки маҳруми ваколат гаштандНомзаде, ки қаблан худро пешбарӣ намуд ва дастгирии кулли ҷамоаро гирифта натавонист ё пас аз оғоз шудани овоздиҳӣ аз дархост даст кашид ё пеш аз ваколатии мудир ё девонсолор маҳрум гашта буд, метавон пас аз се моҳ такроран номзадии худро ба унвони мудир ва ё девонсолор пешбарӣ кунанд. Кӣ метавон овоз диҳад дар интихоботи девонсолорон ва мудиронДар овоздиҳии интихоботи девонсолорон ва мудирони тоҷикии Википедиа ба корбароне иҷозат дода мешавад, ки номнавис шуда бошанд, кадоме ки дар лоиҳа на кам аз 3 моҳ ширкат варзида на кам аз 100 вироиши хуб[1], ки дар фазои аслии мақолаҳо на кам аз як вироиш на дер аз 30 рӯз на пеш аз 60 шабонарӯз то ҳолати пешбарии номзад, инчунин на кам аз як вироиш, на дер аз 15 шабонарӯз то ҳолати пешбарии номзад. Тартиби пешбарии номзадҳо ба девонсолорӣ ва мудирӣНомзад ба девонсолорӣ ё мудирӣ, одатан бо таври худкор пешбарӣ мекунанд, лек онҳоро метавон дигар корбар ҳам пешниҳод кунад, оне ки ҳуқуқи овоз дар интихоботи девонсолорон ва мудирон дорад, мувофиқи ҳамин қоида. Дар ин ҳолат номзад дар саҳифаи овоздиҳӣ, бояд розигии худро нисбати ба уҳда гирифтани ваколати девонсолор ва ё мудирро баён кунад, дар ҳолати бо мувафақ гузаштани интихобот дар Википедиа. Пешбарии худкор хубтар аст, чун намоиш медиҳад, ки номзад пурра фаҳмида истодааст, ки ба чӣ уҳдадор мекунад ин мансаб. Тартиби интихоботи мудирон ва девонсолоронДар овоздиҳӣ ва муҳокимаи номзадҳо, ҳар як корбари тоҷикии Википедиа метавон фақат бо як ҳисоби корбарӣ ширкат варзанд ва танҳо аз ҳамин ҳисоби корбарӣ ба инобат гирифта мешаванд дар вақти тафтиши корбари овоздиҳанда ва ё номзад. Дар вақти овоздиҳӣ, поймол кардани дастурҳои Википедиа ( ru:ВП:НОП, ru:ВП:ВИРТ, ru:ВП:НО ва дигар) қатъи манъ аст. Овозҳое, ки ба ин талабот ҷавобгӯ нест, девонсолорон сабабашро фаҳмонда хат мезананд. Дар ҳолати шубҳаи боасос, ки дастурҳои ru:ВП:ВИРТ ва ё ru:ВП:НОП поймол шуда истодаанд, девонсолорон ҳуқуқ доран, ки тафтишкунанадагони махсусро (чекюзерҳо) барои тез тафтиш кардан даъват кунанд. Овоздиҳӣ барои интихоботи девонсолорон ва мудирон аз лаҳзаи розӣ шудани номзад оғоз гирифта дар 19:00 UTC (бо вақти ҳамоҳангсозии ҷаҳонӣ) дар 14 рӯз пас аз оғоз гирифтан ба анҷом мерасад. Дар вақти овоздиҳӣ мумкин аст тариқи «худдорӣ», лек ин овозҳоро дар вақти ҳисоби сатҳи дастгиркардагон ба инобат намегиранд. Танҳо дар он маврид овоздиҳӣ ба ҳисоб меравад, агар шумораи умумии овозҳои «тарафдор» + «муқобил», ки корбарони ҳуқуқи овоздошта мувофиқи ҳамин дастур доданд, на кам аз 15 дар интихоботи мудирон ва на кам аз 30 дар интихоботи девонсолорон[2]. Хулосаи овоздиҳиро бояд яке аз девонсолорони фаъоли Википедиа барорад. Ӯ инчунин бояд ба натиҷаҳои овоздиҳӣ қарор барорад оиди додан ва ё инкори парчами таҷҳизотии «девонсолор» ё «мудир» ба номзад. Номзад ба мудирӣ ҳамон вақт интихобшуда ба ҳисоб меравад, агар на кам аз 2/3 (66,(6) %), ва номзад ба девонсолорон — на кам аз 3/4 (75 %) қисми овозҳои «тарафдор» аз шумораии умумии овоздодагон, ки ҳуқуқи овоз доранд. Девонсолор қарор мувофиқи тибқи тартиби муқаррарнамудаи таносуби %-и овозҳои «тарафдор» қабул мекунад. Дар ҳолатҳои «дар дам» (ҳаммарз) [3]. девонсолор, дигар омилҳоро ҳам ба инобат мегирад — хусусан далелҳои овоздиҳандагони «тарафдор», «муқобил» ё худдорикардагонро, ки фаъолияти пеш аз пешбарии номзадро дарбар мегирад, баҳои девонсолорон оиди лоиқ будани номзад дар ин мансаб. Ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои мураккаб, вобаста ба аз ҳад зиед будани «виртуалҳо», ё бо кашфи амали номзад, ки ба ин унвон лоиқ набошад, девонсолор метавон қарори рад қабул кунад оиди додани унвон (бо шарҳи сабабҳои аниқ). Девонсолор наметавонад бе розигии ҷамоа (консенсус) мудир ва ё девонсолорро таъин кунад. Дар сурати ихтилофи назар байни девонсолорон, ки чӣ тавр тафсири ин ва ё он ҳолатҳои «дар дам» диҳанд, қарор оиди таъин намудан ба воситаи розигии (консенсус) девонсолорон қабул карда мешавад (на кам аз 2/3 қисми шумораи девонсолорон). Дар ин ҳолат, агар консенсус набошад, ба номзад унвон дода намешавад. Эзоҳ
Инчунин нигаред |
Portal di Ensiklopedia Dunia