Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон
ТаърихДонишгоҳ ҳамчун Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон соли 1996 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели 1996 таҳти рақами № 141 мувофиқи Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон аз 23 майи соли 1993 ва Шартнома байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1997 ташкил шудааст. Ҳоло (соли 2015), донишгоҳ аз рӯи 12 барномаҳои таҳсилотии мактаби олии касбӣ ва барномаи иловагии таҳсилоти касбӣ акредитатсия шудааст.[1]
— зикр намуд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе. ТаълимСоли 2011 дар донишгоҳ 4 факултет: филология, иқтисод, ҳуқуқ, таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ амал мекард, ки 25 кафедраи риштаҳои гуногунро дар бар мегирифт. Соли 2015 факултети идоракунӣ ва технологияи иттилоотӣ ташкил карда шуд. Дар донишгоҳ зиёда аз 300 нафар донишҷўён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Донишгоҳи славянӣ яке аз марказҳои муҳимми илмии Тоҷикистон ва Русия ба ҳисоб меравад. 63 % устодони донишгоҳ соҳиби дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илм мебошанд. Аз 326 нафар устодон (аз ҷумла ҳамкорон) 56 нафар доктори илм, профессор, 144 нафар номзади илм, дотсент, 20 наф. Аъзои вобаста ва пайвастаи академияҳои гуногуни Федератсияи Русия, 2 нафар Узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника, 2 нафар Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, 12 нафар Корманди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.[3] Дар донишгоҳ Шўрои илмии диссертатсиони (Д 737.011.01) аз ҷониби ВАК-и Русия тасдиқ гардида дар соҳаҳои филология аз ихтисосҳои (заб. русӣ: 10.01.10 — журналистика и 10.02.20 — сравнительно-историческое, типологическое и сопоставительное языкознание по филологическим наукам.) амал мекунад. Инчунин, дар донишгоҳ апирантура фаъолият мекунад, ки аз рӯи ихтисосҳои (46.06.01- История и археология;- 38.06.01- Экономика;- 42.06.01- Средства массовой информации и информационно-библиотечное дело;- 45.06.01-Языкознание и литературоведение.) муҳасилинро қабул мекунад.[4] Ректорони донишгоҳ
Факултетҳо
Донистаниҳо30 августи соли 2016 Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон иштирок намуда дар суханрониаш чунин иттилоотро баррасӣ намуд:
Боз нигаред
Видео дар бораи Донишгоҳ
Эзоҳ
Адабиёт
Пайвандҳо
|
Portal di Ensiklopedia Dunia