Забони олмонӣ![]() ![]() Забони олмонӣ (германӣ; олм. Deutsch , талаффуз: [ˈdɔʏ̯tʃ]; deutsche Sprache, талаффуз: [ˈdɔʏ̯tʃə ˈʃpʁaːχə]) — забони олмониҳо, утришиҳо, олмониҳои Швейтсария, лихтенштейниҳо, элзасиҳо ва лотарингҳо, инчунин симбрҳо ва моҳеноҳо (дар Итолиё). Забони расмӣ дар Олмон, Утриш, Лихтенштейн, яке аз забонҳои расмии Швейтсария, Люксембург, Белгия. Ҷуғрофиёи забонҲомилони забони олмонӣ бештар дар Аврупои Марказӣ (Руминия, Маҷористон, Чехия ва ғайра) зиндагӣ мекунанд. Дар Русия ва кишварҳои собиқ шӯравӣ, Фаронса (Элзас ва Лотарингия), Италия, Лаҳистон, Дания, ИМА, Канада, Бразилия ва ғ. низ мутакаллимон дорад. Шумораи умумии олмонизабонон — 99 млн нафар (2010; дар Олмон тақр. 78 млн, Утриш 7,5 млн, Швейсария 5,1 млн, ИМА 1,1 млн, Люксембург 474 ҳазор, Канада 623 ҳазор, Италия 333 ҳазор, Белгия 96 ҳазор, Лихтенштейн 35 ҳазор). Ба ғайр аз ин 80 млн нафар забони олмониро чун забони хориҷӣ медонанд. ШеваҳоЗабони олмонӣ ба гурӯҳи ғарбии забонҳои олмонӣ (германӣ) мутааллиқ аст. Ба шеваҳои ба ҳам наздики қабилаҳои франкҳо, алеманҳо ва бавариягиҳо асос ёфтааст. Забони муосири олмонӣ ду шева дорад: олмонии поин (ба ҳайси забони алоҳида амал менамояд), олмонии боло (шеваҳои олмонии миёна ва олмонии ҷанубиро дар бар мегирад). Марзи ин ду шева аз «хатти Бенрат» — шимоли Ахена, ҷануби Дюсселдорф, болотари Магдебург то Франкфурти назди Одер мегузарад. Шеваҳои олмонии миёна ба олмонии миёнаи ғарбӣ (риндарӣ, мозелӣ-франкӣ, пфалӣ, ҳессенӣ) ва олмонии миёнаи шарқӣ (тюрангӣ, мейсенӣ, саксонии боло) тақсим мешаванд. Дар заминаи онҳо забони адабӣ ё стандартии олмонӣ ташаккул ёфтааст. Ба гурӯҳи шеваҳои ҷанубии олмонӣ шеваҳои бавариягӣ, швабӣ, алеманӣ, алемании боло, франкии шарқӣ дохил мешаванд. Дар Швейтсария, Утриш, қисман дар Люксембург, Белгия, Тироли Ғарбӣ ва Лихтенштейн ба ғайр аз забони стандартии олмонӣ аз шеваҳои маҳаллӣ истифода мешавад. Дар Швейтсария шеваи швейсарӣ (ҳамон шеваи алемании болост) нисбат ба забони стандартӣ маъмултар аст. Хусусиятҳои забоншиносӣСавтиёти забони олмонӣ хусусиятҳои зерро дорост: мавҷудияти садонокҳои дарозу кӯтоҳ вобаста ба ҳиҷо (кушода, пӯшида), ихтисор шудани [ә] дар охири калима, мавҷудияти ҳамсадоҳои ҷарангдору беҷаранг, вобаста ба мавқеаш дар калима бо садо талаффуз шудани r. Тазодди ҳамсадоҳо аз ҷиҳати нармиву сахтӣ вуҷуд надорад. Ҳамсадоҳои таркибӣ (ба ҳам часпида), аффрикатаҳо, мас. pf ба назар мерасанд. Овозҳои садонок дар аввали калима ё реша ба таркиши сахт, ҳамсадоҳои беҷаранги p, t, k бо нафас талаффуз мешаванд. Дар калимаҳои аслии олмонӣ зада ба ҳиҷои якуми морфемаи решагӣ меафтад. Хусусиятҳои дастури (грамматики)-и забони олмонӣ: категорияҳои дастурӣ ба тарзҳои синтетикӣ ва аналитикӣ ифода меёбанд; исмҳо дорои категорияҳои ҷинсият (мардона, занона, миёна), шумора (танҳо, ҷамъ), ҳолат (падеж; ниҳодӣ — Nominativ; poӣ — Akkusativ; боӣ, ба васила — Genetiv; барои, ба, сӯи — Dativ) мебошанд. Категорияи ҷинсият ба воситаи пасвандҳо, накара (артикл), ҳолатҳо ба воситаи накара ва анҷомаҳо ифода меёбанд. Тасрифи феъл аз рӯи шахсу шумора сурат мегирад. Феълҳо 4 замон, 3 сиға, 2 тарз, 2 асос доранд. Хусусиятҳои наҳви (синтаксисӣ)-и забони олмонӣ: ҷумлаҳои сода ва мураккаб (тобеъ ва пайваст) мавҷуданд. Тартиби калимаҳо дар ҷумла ба хусусияти маъноии ҷумла вобастагӣ доранд; ба ғайр аз тартиби асосӣ — мубтадо +хабар + аъзои пайрав ҷумлаҳо бо тартиби баръакс низ сохта мешаванд; калимаҳои саволӣ дар аввали ҷумла меоянд. Дар забони олмонӣ калимасозӣ бо роҳи ба ҳам пайвастани калима басе маъмул аст. Калимаҳои мураккаби иборат аз 2-3 ва баъзан 6-7 калима (63 то 79 ҳарф) вомехӯранд. Дар калимасозӣ вандҳо (аффиксҳо) — пешвандҳо, пасвандҳо низ ба кор бурда мешаванд. Таркиби луғавии забони олмонӣ, асосан аз калимаҳои решагии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ташаккул ёфтааст. Калимаҳои иқтибосӣ аз забонҳои лотинӣ, юнонии қадим, итолиёӣ, англисӣ, фаронсавӣ, ибрӣ, идиш, чиӣ, ҷопонӣ, туркӣ, русӣ, форсӣ, ҳиндӣ, арабӣ (Matratre, Arsenal, Elixir, Ziffer ва ғайра) вомехӯранд. Истилоҳоти хешовандӣ дар забони олмонӣ Vater «падар», Mutter «модар», Bruder «бародар», Schwester «хоҳар» ва ғ. дар забонҳои ҳиндуаврупоӣ аз як мабдаанд. Муҳаққиқон таърихи забони олмониро ба чор давра — олмонии болои қадим (асрҳои 8-9), олмонии болои миёна (асрҳои 12-13), олмонии болои аввалияи нав (асрҳои 14-16), олмонии болои нав (аз садаи XVII) ҷудо кардаанд. ХатМақолаи асосӣ: Алифбои олмонӣ
Дар асрҳои 8—9 олмонизабонон дини масеҳиро қабул карданд ва дар асоси хатти лотинӣ алифбои забони олмонӣ таҳия гардид. Алифбои имрӯзаи забони олмонӣ чунин аст:
Забони адабии муосири олмонӣ дар се кишвар — Олмон, Утриш, Швейтсария амал менамояд, ки аз ҷиҳати забони гуфтугӯӣ, меъёрҳои дастурӣ, калимасозӣ, таркиби луғавӣ, савтиёт аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Соли 1964 дар Манҳейм Пажӯҳишгоҳи таҳқиқ ва иттилоот оид ба забони олмонӣ таъсис ёфт, ки дар он ҷо масоили рушди забони олмонӣ, маданияти нутқ омӯхта мешавад. Ташкилоти ғайридавлатӣ — Пажӯҳишгоҳи ба номи Ё. В. Гёте (соли таъсис 1951) барои интишори забони олмонӣ дар кишварҳои хориҷӣ саҳмгузор аст. Шуъбаҳои он дар 92 кишвари дунё амал мекунанд. ЭзоҳАдабиёт
Сарчашма
|
Portal di Ensiklopedia Dunia