Камил Мамедович Мирзоев
Камил Мамедович Мирзоев (тав. 1939) - олим, доктори илмҳои физикаву математика (1988). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991). Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1997).[1] ЗиндагиномаКамил Мамедович Мирзоев соли 1962 факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1962), ихтисос – «сейсмология». Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба итмом расонда, дар ҳамин ҷо ба сифати ассистент кор кардааст. Солҳои 1969-1994 дар Институти сохтмони зилзилабардор ва сейсмологияи АИ ҶШС Тоҷикистон заҳмат кашида, вазифаҳои ходими илмӣ, котиби илмӣ, мудири лабораторияи сейсмологияи минтақавӣ, муовини директорро иҷро намудааст. Ходими илмӣ, котиби илмӣ (1969-1972), мудири озмоишгоҳи сейсмологияи минтақавӣ (1975-1994), муовини директори Институти сохтмони зилзилабардор ва сейсмологияи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1971-1974; 1975-1994). Эксперт- мушовири СММ дар масъалаҳои сейсмология (Афғонистон, Миср) (1984-1992), сардори Маркази илмиву истеҳсолии «Геодинамика»-и Садорати геологиву ҷустуҷӯи Раёсати ОАО «Татнефт» (Қазон) (1994-2005), сарходими илмии Институти физикаи Замини ба номи О.Ю.Шмидти АИ Русия (2005-2010) буд. Фаъолияти илмӣСамтҳои асосии фаъолияти илмӣ: ноҳиябандии сейсмикӣ, пешгӯии заминҷунбӣ, зилзиланокии бедоршуда дар минтақаи обанборҳои калон, моделсозии равандҳои сейсмикӣ, усулҳои арзёбии хатари сейсмикӣ ва кам кардани хавфи сейсмикӣ. Оид ба пешгӯии заминларза, ноҳиябандии он, ҳифзи иншооти назди обанборҳои калон аз заминларза, амсиласозии ҷараёнҳо сейсмикӣ, усулҳои рафъи хатари сейсмикӣ дар маҳалҳои аҳолинишин ва ғайра қариб сад асару мақола навиштааст. Осор
Ҷоизаҳо
Эзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia