КибернетикаКибернетика (аз юн.-қад. κυβερνητική — «санъати идоракунӣ» [1]) — (форсӣ: سایبرنتیک) илм дар бораи қонунияти равандҳои идоракунӣ ва ирсоли иттилоот дар системаҳои гуногун ба мисли системаҳои мошинӣ, организмҳои зинда ва ё ҷомеа. Кибернетика – илм дар бораи хосиятҳои умумии равандҳои идоракунӣ дар системаҳои зинда ва ғайризинда мебошад. Тафаккури сунъӣ (artificial inteligence) ҳамчун соҳаи нави илм соли 1956 аз тарафи олими ИМА Норберт Винер рӯйи кор омада, дарҳол ба ду самт тақсим шуд: нейрокибернетика ва кибернетикаи «қуттии сиёҳ». Нигориш![]() Истилоҳи «кибернетика» ҳамчун мафхуми илм дар бораи қонунияти равандҳои идоравӣ ва ирсоли иттилоот дар мошинҳо, организмҳои зинда ва ҷомеа бори аввал аз тарафи Норберт Винер дар соли 1948 пешниҳод [2] гашта буд. ![]() Мисоли андешаронии кибернетикӣ. Аз як тараф, ширкат ҳамчун система дар муҳити атроф дида мешавад. Аз тарафи дигар, идоракунии кибернетикӣ метавонад ҳамчун система муарифи шавад. Эзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia