Комиссияи оштии миллӣКомиссияи оштии миллӣ (КОМ) — механизми асосии татбиқи созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, ки баъди анҷоми бомуваффақияти музокироти тоҷикон миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНМТ) таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид 27 сентябри 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид. КОМ мақоми муваққатӣ буда (4 июни 1997 — 1 апрели 2000), дар давраи гузариш барои татбиқи ҳаматарафаи Созишномаи умумӣ ташкил карда шуд. Фаъолияташ баъди даъвати порлумони нав, ташкили мақомоти роҳбарикунандаи Маҷлиси Олӣ ва баргузории интихоботи нави порлумонӣ қатъ гардид. ВазифаҳоВазифа ва салоҳиятҳои КОМ дар асоси созишномае, ки миёни Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов ва роҳбари ИНМТ — Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар вохӯрии Маскав (23 декабри 1993) ба имзо расид, низомнома, протокол дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии КОМ ва протоколи иловагӣ дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии КОМ муайян шуда буданд. Мувофиқи Созишномаи умумӣ вазифаҳои асосии КОМ чунинанд:
ҲайатҲайати КОМ аз 26 узв: 13 нафар аз ҷониби Ҳукумат ва 13 нафар аз ҷониби ИНМТ иборат буд. Сохтор: раис (Сайид Абдуллоҳи Нурӣ), муовини раис (Абдулмаҷид Достиев), 4 зеркомиссия (ҳуқуқӣ, сиёсӣ, низомӣ ва муҳоҷирон). Ҳар як зеркомиссия 6-нафарӣ узв дошт: 3 нафар аз Ҳукумат ва 3 нафар аз ИНМТ. Ду зеркомиссияи КОМ (сиёсӣ ва муҳоҷирон) аз ҷониби намояндагони ҳукумат ва ду зеркомиссияи дигар (ҳуқуқӣ ва низомӣ) аз ҷониби намояндагони ИНОТ роҳбарӣ карда мешуданд. КОМ дар ҳолати зарурӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои таъҷилӣ метавонист гурӯҳҳои корӣ (аз ҷумла гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои низомӣ, гурезагон, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ) таъсис диҳад. Сохтор
Зеркомиссияи сиёсӣ:
Зеркомиссияи ҳуқуқӣ
Зеркомиссияи низомӣ
Зеркомиссияи муҳоҷирон
ҶаласотАввалин ҷаласаи КОМ дар шаҳри Маскав баргузор шуда (7-11 июни 1997), минбаъд фаъолияташ дар шаҳри Душанбе идома ёфт (аз 15 сентябри 1998). Масъалаҳои муҳим дар ҷаласаҳои КОМ бо роҳи овоздиҳии консенсус ва иштироки ҳаддиақалли аз се ду ҳиссаи аъзои Комиссия ҳал карда мешуд. Иҷрои қарорҳои қабулнамудаи Президент ва КОМ барои ҳамаи мақомоти ҳокимият ҳатмӣ буд. Аъзои КОМ мақоми дахлнопазирӣ дошта, онҳоро барои фаъолияти то узви Комиссия интихоб шуданашон, ҳамчунин дар давоми фаъолияташон дар Комиссия дастгир кардан, ҳабс ва ба суд кашидан мамнӯъ буд. Натоиҷи фаъолият
Назорати СММҲайати нозирони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар ҷаласаҳои КОМ ҳамчун нозир ширкат карда, барои бақайдгирӣ, бозгашт, реинтегратсияи размандагони ИНМТ ва муҳоҷирони тоҷик кумаки фаннӣ ва молӣ мерасониданд. Нигаред низЭзоҳ
Адабиёт
|
Portal di Ensiklopedia Dunia