Муҳаммадюсуф Имомзода
Муҳаммадюсуф Имомзода (Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ; 28 апрели 1959, шаҳраки Совет, ноҳияи Совет, ҶШС Тоҷикистон[1]) — ходими давлатӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви пайвастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014)[2], узви пайвастаи Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва педагогии Федератсияи Русия, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Суқрот (Оксфорд, Англия). Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020—2022). ЗиндагиномаМуҳаммадюсуф Саидалӣ Имомзода 28 апрели соли 1959 таваллуд ёфта, соли 1981 факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Соли 1990 ӯ дар мавзӯъи «Санъати портретсозӣ дар насри Садриддин Айнӣ» рисолаи номзадии худро дифоъ намуд. Фаъолияти корӣ
Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.[5] Фаъолияти илмӣМуҳаммадюсуф Имомзода соли 2002 дар мавзӯи «Тафаккури бадеӣ ва поэтикаи насри Садриддин Айнӣ» рисолаи докториро бо муваффакият дифоъ менамояд. Муҳаммадюсуф Имомзода муаллифи зиёда аз 200 корҳои илмию методӣ дар масъалаҳои актуалии адабиёти тоҷик мебошад. Осори илмию методии профессор Муҳаммадюсуф Имомзода аз қабили «Масъалаҳои забон ва адабиёти тоҷик» (1998), «Маънавият ва нақши зоҳир» (2000), «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ» (2001) ба масъалаҳои мубрами улуми филологӣ бахшида шудаанд. Бо ташаббуси ин муҳаққиқ дар адабиётшиносии муосири тоҷик самти нави илмии марбут ба масоили поэтикаи наср дар асоси таҳқиқ ва пажӯҳиши осори насрии адабиёти муосир бунёнгузорӣ шуд. Таҳти сарварии ӯ 5 нафар унвонҷӯён рисолаҳои докторӣ ва 13 нафар рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намудаанд. Осори илмӣМуаллифи монография ва маҷмӯаи мақолоти илмии «Ҷаҳонбинӣ ва тафаккури бадеии Садриддин Айнӣ», «Маънавият ва нақши зоҳир», «Сужет ва тасвир дар насри Садриддин Айнӣ», «Хирмани андеша» ва ғайра мебошад. ҶоизаҳоБо ордени Дӯстӣ ва мукофотҳои соҳавии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Корманди фахрии таҳсилоти олии Федератсияи Русия сарфароз гардонида шудааст. ПайвандҳоЭзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia