Нодир Одилов
Нодир Одилов (Одилов Нодир Фозилович; тав. 1932, ноҳияи Ванҷ, ҶШС Тоҷикистон — 21 сентябри 2019[1], Душанбе, Тоҷикистон) — файласуфи тоҷик, номзади илмҳои фалсафа (1964), профессор (1990). ЗиндагиномаСолҳои 1951—1956 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1949—1951 дар мактаби миёнаи ба номи Ф.Энгельси ноҳияи Ванҷ ҳамчун муаллими фанни забони русӣ кор кардааст. Солҳои 1956—1959 аспиранти Шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1959—1970 муаллими калон, 1967—1970 мудири кафедраи фалсафаи Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон буд. Солҳои 1970—1972 дар вазифаи мудири Шуъбаи фалсафаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1972—1982 дотсент, 1976—1982 мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Солҳои 1982—1991 вазифаи мудири кафедраи фалсафаи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистонро ба дӯш дошт. Солҳои 1995—2002 ба сифати профессори кафедраи фалсафа ва маданиятшиносии Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2003 инҷониб раиси Шӯрои кӯҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад ва ҳамчунин вазифаи мудири Шуъбаи дини Институти фалсафаи АИ Тоҷикистонро ба уҳда дорад. Фаъолияти илмӣМуаллифи зиёда аз шаш асару 150 мақолаҳои илмӣ мебошад. Дар таълифотҳояш масъалаҳои фалсафии ислом, таълимоти фалсафӣ, иҷтимоӣ-сиёсии Ҷалолиддинӣ Румӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додааст. Осор
Эзоҳ
Пайвандҳо |
Portal di Ensiklopedia Dunia