Ордени Спитамен
Ордени Спитамен — ордени давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо он корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳарбӣ ва амният барои корнамоиҳои махсус сарфароз гардонида мешавад[1]. ДарҷаҳоОрдени Спитамен дорои дараҷаҳои зерин мебошад:
Аз рӯи дараҷа ордени Спитамен дараҷаи I эътибори баландтар дорад. Сарфарозгардонӣ бо тартиби пайдарҳамӣ — ордени Спитамен дараҷаи II ва I сурат мегирад. Ордени Спитамен бо тасма дар тарафи чапи сина овехта мешавад. Ордени Спитамен дараҷаи IБо ордени Спитамен дараҷаи I ҳайати афсарони олирутбаи ҳарбӣ ва ҳайати олии роҳбарикунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои комёбиҳо дар роҳбарӣ ва идораи қўшунҳо, таъмини омодагии олии ҷангии онҳо, ташкили хидмати аълои ҳарбӣ, марзбонӣ ва дохилӣ, таъмини қобилияти мудофиавӣ, амниятӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ордени Спитамен дараҷаи IIБо ордени Спитамен дараҷаи II хидматчиёни ҳарбӣ аз ҷумлаи ҳайати афсарони калон ва хурд, ҳайати сержантӣ ва қаторӣ, ҳамчунин ҳайати роҳбарикунандаи миёна ва хурди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои корнамоиҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ҳангоми адои қарзи ҳарбӣ ва хидматӣ сарфароз гардонида мешаванд. ДараҷаҳоЭзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia