Оқохони IV
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV (форсӣ: شاهزاده کریم الحسینی آقاخان; 13 декабр 1936[1][2][3][…], Genthod[d], canton of Geneva[d][4] — 4 феврал 2025[5], Лиссабон[5]) — 49-умин имоми шиъиёни исмоилии низорӣ буд, ки пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони III дар 11 июли соли 1957 дар 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоъилиёни ҷаҳон шуд. Вай чиҳилу нуҳумин имоми исмоилиёни низорӣ буд. ЗиндагиномаШоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ 13 декабри соли 1936 дар Женеви Швейсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон зода шудааст. Ӯ 49-умин имоми шиъаёни исмоилӣ аст, ки пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохон, дар 20-солагӣ ва дар 11 июли 1957 ба имомат расид. Вай донишомӯхтаи Донишгоҳи Ҳорворд дар риштаи таърихи ислом аст[9]. Оқохон яке аз сарватмандтарин мусалмонони ҷаҳон аст ва ҳамакнун 32-умин фарди сарватманди Ингилистон ба шумор меравад. Вай сармояи зиёдеро дар нуқоти фақир ва дурафтодаи дунё харҷ карда ва мекунад. Ҳамчунин талош дорад, то чеҳраи ғайри хушунатомез аз исломро ба маърази диди ҷаҳониён бигузорад. Ӯ ҳамчунин сарвати худро барои тарвиҷи иқтисоди худпойдор дар кишварҳои дар ҳоли тавсиа харҷ мекунад[9]. Оқохони IV дар ҷавонӣ варзишкор буд ва дар риштаи эски (лыжный спорт) маҳорати хоссе дошт ва дар олимпиёди зимистонии соли 1964 дар Утриш (Австрия) ба намояндагӣ аз Эрон дар се ришта: эскии суръат, морпеч ва морпечи бузург ширкат кард. Ӯ яке аз чаҳор варзишкори эронии ширкаткунанда дар ин олимпиёд буд[9]. Оқохони IV муддате ҳам масъули кумакҳои кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид будааст[9]. Ӯ поягузори Муассисаи мутолеоти исмоилӣ, Маркази ҷаҳонии касратгароӣ (плюрализм), Донишгоҳи Осиёи Миёна ва Донишгоҳи Оқохон мебошад. Ва ҳамчунин молики «Шабакаи тавсиаи Оқохон» (AKDN) аст. Фаъолияти шабакаи ӯ дар кишварҳои ҷаҳони севвум аз ҷумла Тоҷикистон аст[9]. Оқохон чаҳор фарзанд дорад: Заҳро Оқохон, Раҳим Оқохон ва Ҳусейн Оқохон аз Бегим Салима Оқохон ва Алӣ Муҳаммад Оқохон аз Бегим Инора Оқохон[10]. Оқохони IV солҳои 1995, 1998 ва 2008 ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омада буд. Барномаи рушди (MSDSP)-ро дар ин минтақа бунёд кард. Аз соли 2000 дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон, Донишгоҳи Осиёи Марказиро ташкил додааст.[11] Унвону ҷоизаҳоӮ то кунун аз кишварҳои гуногуни қораи Осиё, Африқо ва Амрико ҷоизаҳои зиёдеро сазовор шудаанд. Соли 1998 дар Тоҷикистон ва бо Ордени Дӯстӣ сарфароз гардидааст. Эзоҳ
Пайвандҳо
|
Portal di Ensiklopedia Dunia