Помир![]() Помир (форсӣ: پامیر) — кӯҳистонест дар ҷануби Осиёи Миёна ва дар сарзамини Тоҷикистон (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон), Қирғизистон, Хитой ва Афғонистон ҷой дорад. ![]() ![]() Кӯҳистони Помир пайвандгоҳи баландтарин кӯҳсори Осиёи Марказӣ ба монанди Ҳиндукуш, Қароқурум, Кунлун ва Тиён-Шон аст. Баландтарин нуқтаи Помир қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 м мебошад. Ин қулларо аз соли 1932 то соли 1962 қуллаи Сталин ва аз соли 1962 то соли 1998 қуллаи Коммунизм меномиданд. Аз дигар қуллаҳои баланди Помир қуллаи Истиқлол (7165 м то июли 2006 — қуллаи Ленин), қуллаи Корженевский (7105 м), қуллаи Абуалӣ ибни Сино (6940 м, то июли соли 2006 — қуллаи Революция) ном доранд. Дар Помир калонтарин пиряхи қадимаи қитъаи Осиё Пиряхи Федченко (масоҳат 651,7 км², дарозӣ 77 км.) воқеъ аст, ки аз он дарёҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарчашма мегиранд. ![]() Баъзе татқиқотчиён (Поло Марко, Д. Л. Иванов, Д. В. Наливкин, К. В. Станюкович, Э. М. Мурзаев) дар бораи Кӯҳистони Помир маълумот ҷамъ оварда дар асрҳояшон иншо намудаанд. Нигаред низ![]() Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
ЭзоҳСарчашма
|
Portal di Ensiklopedia Dunia