Рашид Олимов
Рашид Қутбуддинович Олимов - дипломат, ходими давлатӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон (1992-1994). ЗиндагиномаРашид Қутбуддинович Олимов, 23 июни соли 1953 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1975) ва Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМҲКИШ (1990) мебошад.
Ӯ аз солҳои 1991-1992 ба ҳайси мушовири президент ва аз моҳи декабри соли 1992 то охири соли 1994 ба ҳайси вазири умури хориҷии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1994 то 2005 намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва аз декабри соли 2005 то ҳол ба ҳайси сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Чин фаъолият мекард.[1] Соли 2016 Р. Олимов ба мақоми дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай таъйин шуда буд. Тавофуқ дар бораи таъйини Олимов ба мақоми дабири куллли СҲШ тобистони соли 2015 дар ш. Уфа (Русия) аз ҷониби Шурои сарони давлатҳои СҲШ ҳосил шуда буд. Мансаби дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай аз соли 2007 ҷори шудааст. Намояндаи Тоҷикистон Р. Олимов чорумин дабири кулли СҲШ мебошад.[2] Созмони ҳамкории Шанхай 15 июни соли 2001 ташкил шуда, феълан Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Ӯзбекистон узви он мебошанд. Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон дар ин созмон мақоми кишварҳои нозирро доранд.[3] Эзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia