Рӯзи модарМақолаи асосӣ: Рӯзи байналхалқии занон
![]() 8 март — иди байналмилалӣ, ба шарафи модар ҷашн гирифта мешавад. Дар ТоҷикистонИстиқболи Рӯзи модар аз замони шӯравӣ ба мо мерос мондааст. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 3 ноябри соли 1995, № 98 номгузории «Рӯзи байналхалқии занон» — ро ба Рӯзи модар иваз намудааст..[1] Рӯзи модар ҳар сол дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар арафаи рӯзи 8 март ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ андешида мешаванд. Нисбати модарон ва занон чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ баргузор мегарданд. Мардон ва ҷавонон ба модарону бонувон туҳфаву гулдастаҳо дастрас мекунанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон модарону бонувонро бо иди Рӯзи модар табрику муборакбод менамояд. 8 март — тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», рӯзи истироҳат муқарар шудааст. Шеърҳо дар васфи МодарИшқи Лоиқ ба модараш мояи даҳҳо шеъри нағзи ӯ буда, ки баъдан дар маҷмӯъаи «Модарнома» гирди ҳам омад ва беандоза маҳбуб шуд. Овозхонони тоҷик бисёре аз ин ашъорро табдил ба суруду тарона кардаанд:
Ё:
Эраҷ Мирзо
НигаредЭзоҳ
Пайвандҳо
|
Portal di Ensiklopedia Dunia