Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода (зод. 4 ноябри 1960, ноҳияи Фархор) — иқтисоддон ва сиёсатмадори тоҷик, номзади илми иқтисод (2001). Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар солҳои 2012—2024, номзади интихоботи президентии Тоҷикистон (2013). ЗиндагиномаСаидҷаъфар Усмонзода 4 ноябри соли 1960 дар деҳшӯрои ноҳияи Фархор, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Аз соли 1967 то 1977 дар мактаби миёнаи № 5 ба номи Калинин таҳсил намуда, баъдан солҳои 1978—1983 дар факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Соли 2005 шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Соли 2001 рисолаи номзадии илмҳои иқтисодиро дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар шароити бозаргонӣ, дар ҳолати зиёд будани қувваи корӣ» ҳимоя кардааст. КорномаФаъолияти кории Саидҷаъфар Усмонзода аз соли 1977 оғоз ёфта, дар тӯли фаъолияташ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст:
Вакилӣ ва фаъолияти сиёсӣ1 марти соли 2020 Саидҷаъфар Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, ҳамзамон вазифаи раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро идома дод.[1] 14 июни соли 2024, дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати шашум) пешниҳоди Прокурори генералӣ оид ба маҳрум кардани ҳуқуқи дахлнопазирии вакил Саидҷаъфар Усмонзода баррасӣ гардида, он қабул шуд, пас аз ин, ӯ боздошт гардид.[2] Эзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia