Сулаймон Султонзода

Сулаймон Султонзода
аз 23 январи соли 2017
Пешгузашта Рустами Эмомалӣ

Таваллуд 31 январ 1976(1976-01-31) (49 сол)
Рутба генерал-лейтенант

Султонзода Сулаймон Саид (31 январи 1976, ҶШС Тоҷикистон) — давлатмарди тоҷик, генерал-лейтенанти адлия.

Зиндагинома

Сулаймон Султонзода 31 январи соли 1976 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1998 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст[1].

Корнома

  • 1998—1999 — муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе;
  • 1999—2004 — муфаттиш, муфаттиши калони прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб;
  • 2004—2007 — муфаттиши прокуратураи ҳарбии гарнизони Қурғонтеппа;
  • 2007—2008 — муфаттиши шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2008—2009 — муовини прокурори ҳарбии гарнизони Кӯлоб;
  • 2009—2010 — муовини аввали прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе;
  • 2010—2014 — прокурори ҳарбии гарнизони Душанбе;
  • 2014—2015 — прокурори ҳарбии гарнизони Суғд;
  • 2015—2017 — сардори Раёсати кадрҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 23 январи соли 2017 — Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Эзоҳ

Prefix: a b c d e f g h i j k l m n o p q r s t u v w x y z 0 1 2 3 4 5 6 7 8 9

Portal di Ensiklopedia Dunia

Kembali kehalaman sebelumnya