Таърихи Табарӣ![]() Абуалии Балъамӣ. Таърихи Табарӣ. Аз силсилаи «Халқҳои эронӣ дар маъхазҳои таърихӣ». (Иборат аз се ҷилд). Ҷ. I — Душанбе: Ирфон, 1992. — 656 с. «Таърихи Табарӣ» (форсӣ: «تاریخ طبری») ё «Ториху-р-русул-вал-мулук» (ар. «تاریخ الرسل و الملوک») ё ин ки «Ториху-л-умам-вал-мулук» (ар. «تاریخ الامم و الملوک») — китобест, ки торихнигору пажӯҳишгар Муҳаммад ибн Ҷарир ал-Табарӣ ба забони арабӣ навишта ва яке аз муътабартарин манобеъи давраи исломӣ аст. Тарҷумони китоб«Таърихи Табарӣ»-ро Абуалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Балъамӣ аз арабӣ ба форсӣ баргардондааст[1]. Дар ин асари таърихӣ этногенези мардумони эронитабор, ҳудуди густариши воқеъии ин мардумон (сукунати аввала ва баъдинаашон) ва забонҳои онҳо, урфу одат ва суннатҳои фарҳангии шаҳру рустоҳои Эронзамин ва як идда масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ хоҳад шуд. «Таърихи Табарӣ» таърихи мардумони эронитаборро аз Рӯзи Офариниш то пойдор шудани Хилофати Араб бозгӯ мекунад. Ба гуфти пажӯҳишгарони тоҷик — мураттибони «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ Муҳаммадҷон Умаров ва Файзулло Бобоев
. ЭзоҳАдабиёт
|
Portal di Ensiklopedia Dunia