ФилмноманависФилмноманавис ё Нависандаи филм[1][2][3] — муаллифи филмнома, силсилафилмҳои телевизионӣ, филмҳои тасвирӣ, намоишҳо, бозиҳои компютерӣ ва ғайра мебошад. Бисёре аз филмноманависон, ки баъдтар шуҳрат пайдо карданд, сенарияҳои худро аз сужет оғоз мекунанд[4]. Ин маънои онро дорад, ки онҳо бедуни ягон шартнома корӣ ё музд менавсанд. Яке аз дурахшонтарин намунаҳои асри гузашта филми бадеии илмӣ-оммавии "Бозгашт ба оянда" буд - сенарияи онро киностудияҳо 22 маротиба рад карда, боварӣ дошт, ки чунин қисса барои мухлисони синамои фантастикӣ ҷолиб нахоҳад буд. Филмноманавис метавонад як сюжети аслӣ эҷод кунад ва ё як асари мавҷударо барои наворбардорӣ мутобиқ кунад. Сенарияи мутобиқшуда барои филм ё телевизион пеш аз ҳама аз тарҷума ё шарҳи осори адабӣ иборат аст. Филмноманавис барои ҳама филмҳо, аз ҷумла филмҳои мустанад ва реалити намоишҳо сенария менависад. Аксар вақт коргардони синамо муаллиф ё ҳаммуаллифи сенарияи филми банаворгирифтаистода мебошад. ТаърихБеҳтарин филмноманависони амрикоӣ Соли 2006, аъзои Ассотсиатсияи филмноманависони ИМА аз байни зиёда аз 1400 филм 101 филмноманависони беҳтаринро интихоб карданд[5]. Ва аз онҳо 10 филм бо беҳтарин филмнома интихоб шуданд:
Филмноманависоне, ки аз ҳама бештар филмҳо интихоб шудаанд, Вуди Аллен, Фрэнсис Форд Коппола ва Биллӣ Вайлдер буданд - аз ҳар кадоме 4 филм. Филмҳо бо сенарияи Чарли Кауфман, Уилям Голдман ва Ҷон Ҳюстон дар се номинатсия ғолиб шуданд Эзоҳ
Пайвандҳо |
Portal di Ensiklopedia Dunia