Энсиклопедияи калони Русия
Энсиклопедияи калони Русия (русӣ: Большая российская энциклопедия[1]; ихтисора БРЭ) — донишномаи умумӣ ба забони русӣ. Нашр иборат аз 35 ҷилди рақамгузоришуда ва ҷилди «Россия» бо фарогирии беш аз 80 ҳазор мақола мебошад[2]. Донишнома аз соли 2004 то соли 2017 дар нашриёти илмии «Большая российская энциклопедия» ба табъ расидааст. Аз соли 2016 нусхаи интернетии донишнома мавҷуд аст. ТаърихСанаи 13 январи соли 1995 Президенти Русия Б. Н. Ельцин ба Ҳукумати Русия барои нашри Энсиклопедияи калони Русия дар барномаи худ, «Доир ба нашри китоб дар Русия муддати солҳои 1996—2001» дастур дода буд ва 2 майи соли 1996 қарори президентӣ № 647 «Оиди нашри Энсиклопедияи калони Русия» баромад, мувофиқи ин қарор муҳаррири Энсиклопедияи калони Русия олими академияи илмҳои Русия, дорандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи илми физика А. М. Прохоров таъйин шудаанд, ки пештар А. М. Прохоров ҳамчун муҳаррири нашри сеюми «Энсиклопедияи калони Шӯравӣ» (русӣ: «Большая Советская Энциклопедия»), ки солҳои 1969 то 1978 чоп шудааст, фаолият карда буд. Ба нашриёти Энсиклопедияи калони Русия ё худ «Большая Российская Энциклопедия» имкониятҳо барои иҷораи бино ва аз буҷаи федеролӣ дар соли 1997 барои омода кардани ҷилди якум дастгирӣ карда шуд. Муҳаррири калони энсиклопедияи нав олими фаннҳои ҷуғрофӣ А. П. Горкин таъйин шуд. Ҳаҷм ва муҳтавои нашрҳо
Пайвандҳо
Эзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia