ЮНЕСКО
![]() ЮНЕСКО (англ. UNESCO), Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид; Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (англ. United Nations Educational, Scientific and Cultural Organization[4]) — як созмони тахассусии Созмони Милали Муттаҳид, ки бо ҳадафи кумак ба «эҷоди сулҳ, решакан кардани фақр, тавсеъаи пойдор ва гуфтугӯи байнифарҳангӣ аз тариқи омӯзиш, улум, фарҳанг, иртиботот ва иттилоот» ба вуҷуд омадааст[5][6] ва ҷонишини Кумитаи байнулмилалии ҳамкории андешамандонаи Ҷомеъаи Милал аст[7]. ТаърихНизомномаи ЮНЕСКО 16 ноябри соли 1945 дар Конфронси Лондон қабул карда шудааст. Он фаъолияти худро баъд аз ба нигоҳдорӣ супоридани санадҳо аз тарафи 20 давлат, ноябри соли 1946 оғоз намуд. Дар айни замон аъзои ин ташкилот аз 193 давлат иборат аст. ЮНЕСКО — ташкилотест, ки дар низомаи Созмони Милали Муттаҳид дарҷ гардида, барои кори сулҳ ва паст кардани ҳолатҳои муноқишавӣ ҳамкориро байни халқҳо бо воситаи илм, маориф ва фарҳанг пеш мебарад. Сардафтари ЮНЕСКО аз 5 ноябри соли 1958 дар шаҳри Порис (Фаронса) ҷойгир шудааст. Дар уҳдаи он 67 бюро ва зерсохтор, ки дар бисёр қисми ҷаҳони ҷойгир шудааст, вуҷуд дорад. Бо мақсади ҷорӣ намудани ҳадафи худ ЮНЕСКО 5 вазифаи асосиро иҷро менамояд, аз ҷумла:
Ҳайати ЮНЕСКО аз се қисм иборат аст:
Кишварҳои узви ЮНЕСКО
Эзоҳ ба ҷадвал:
ЮНЕСКО дар ТоҷикистонМақолаи асосӣ: Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 апрели соли 1993 ба узвияти созмони мазкур пазируфта шуда, худи ҳамон сол Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Вазорати корҳои хориҷӣ таъсис дода шуд. Эзоҳ
Пайвандҳо![]() Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
|
Portal di Ensiklopedia Dunia