Қобилҷон Хушвахтзода
Қобилҷон Хушвахтзода (Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, то соли 2019 Барфиев Қобилҷон Хушвахтович; зод. 5 июни 1982, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб) — иқтисоддон, аудитор, доктори илмҳои иқтисодӣ (2019)[1], профессор[2], узви вобастаи АМИТ (2024)[3] ва академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2025)[4]. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (аз 2024).арбоби давлатӣ. Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII, вакили Маҷлиси вакилони ҳалқи шаҳри Душанбе даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030.[5]. ЗиндагиномаҚобилҷон Хушвахтзода 5 июни соли 1982 дар ноҳияи Данғара дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро солҳои 1989—1999 дар мактаби таҳсилоти умумии № 2-и ноҳияи Данғара гирифтааст. Соли 2004 факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Баҳисобгирии бахгалтерӣ, таҳлил ва аудит» хатм намудааст. ХонаводаОиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад[6]. Фаъолияти корӣҚобилҷон Хушвахтзода ассистенти кафедраи «Таҳлили иқтисодӣ ва аудит»-и факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ (2004—2011), муовини декан оид ба илм ва тарбияи ДМТ (2005—2009), муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи рӯзонаи ДМТ (2009—2013), иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ (2011—2012), мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2013—2017), мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2018—2019)[7], директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони МТОК назди ДМТ (2019), декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2019—2020)[8] ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2020—2024)[9][10] буд. Қобилҷон Хушвахтзода аз 16 январи соли 2024 Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин шудааст[11]. Фаъолияти илмӣҚобилҷон Хушвахтзода моҳи апрели соли 2010 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Рақобатпазирии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар иқтисодиёти серсохт (дар асоси маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон)»[12] ва 25 январи соли 2019 рисолаи докториро дар мавзӯъи «Конкурентоспособность сельскохозяйственного производства и её учётно-аналитические основы: теория, методология, организация (на материалах Республики Таджикистан)»[13] дар пояи Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Ж. Баласагина ва Донишгоҳи славянии Русияву Қирғизистони шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯи ихтисоси «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, омор» дифоъ кардааст. Фаъолияти сиёсиву ҷамъиятӣҚобилҷон Хушвахтзода аз 11 апрели соли 2025 Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII, вакили Маҷлиси вакилони ҳалқи шаҳри Душанбе даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030. Аз 11 апрели соли 2025 - Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ мебошад.[14]. Ӯ ҳамзамон узви Раёсати Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. ТаълифотҚобилҷон Хушвахтзода муаллифи беш аз аз 270 маводи илмӣ ва 50 дастури таълимию китобҳои дарсӣ мебошад[15]. Мукофоту ҷоизаҳо
Эзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia