Ҳайдаршо Пирумшоев
Ҳайдаршо Пирумшоев – олим, муаррихи шинохташудаи тоҷик, доктори илмҳои таърих, профессор ЗиндагиномаҲайдаршо Пирумшоев - 30 декабри соли 1944 дар ноҳияи Ванҷ чашм ба олами равшан кушодааст. Хатмкунандаи омӯзишгоҳи педагогии шаҳраки Навободи ноҳияи Ғарм (1963) ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (1970) мебошад. Фаъолияташ дар ҳамин баргоҳи илму маърифат гузаштааст, зинаҳои коромӯз (ассистент), муаллими калон, дотсент, декани факултаи таърих, мудири кафедраи таърихи Тоҷикистонро тай кардааст. Аз соли 1996 баробари омӯзгорӣ мудирии шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш-и АИ Тоҷикистонро ба зимма дорад. Инчунин, зиёда аз 17 сол ба ҳайси профессори кафедраи таърихи умумӣ ва ватании Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба муҳассилин дарс медиҳад.[1] Фаъолияти илмӣСамту паҳлӯҳои фаъолияти илмию таҳқиқотии профессор Ҳайдаршо Пирумшоев хеле фароҳ аст, вале ҷавҳари онро масоили таърихнигорӣ ташкил медиҳад. Дар бобати омӯзиши муносибати Русия ва Осиёи Миёна замони то инқилоби соли 1917 ковиши илмияш шоистаи ҳама гуна ситоиш аст, аз баракати заҳматаш ба илм маъхазҳои нав ворид гаштанд. Соли 1979 дар мавзӯи «Инъикоси шаҳрҳо ва ҳаёти шаҳри Бухорои шарқӣ охири асри Х1Х – ибтидои асри ХХ дар асарҳои тадқиқотчиёни тоинқилобии рус» рисолаи номзади илми таърих ва соли 1996 оид ба «Муносибатҳои Русия ва Осиёи миёна асрҳои XVI - миёнаи асри Х1Х дар таърихнигории рус» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Ӯ ба бисёр ҷанбаҳои торики равобити Русия ва Осиёи Миёна равшанӣ андохтааст. Барои ин олими пухтакор таърих афсонаи ширин нест, балки саропо илм аст, дирӯз имрӯз ва фардои инсонҳост, бо ҳазорон мушкилот саҳифаҳои норавшани таърихи меҳану миллаташро омӯхта, афзалияту кӯтоҳиҳояшонро муайян месозад, бо ҳавсалаи тамом ва масъулият корро анҷом медиҳад, ба ҳар ҳодисоту далели таърихи аз нуқтаи назари ҳамон давра ва арзишҳои муосири илмӣ баҳо мегузорад. Яке аз ҷиҳатҳои фарқунандаи пажӯҳишаш сабку услуби хоси нигориш мебошад, вай масоили илмиро бо маҳорати баланд мавриди таҳқиқу таҳлил қарор дода, дар сурати лузум ба он обу ранги бадеӣ медиа ба хонанда наздику шавқовар менамояд. Муҳаққиқ ҳамзамон дар пажӯҳиши фаъолияти ашхоси таърихӣ, арбобони давлатӣ, олимон аз қабили С.Айнӣ, Б.Ғафуров, А.Семенов, З.Раҷабов, Б. Искандаров, М.Эркаев, А.Мухторов ва дигарон матолиб интишор намуда таърихнигори миллиро ғанитар гардонидааст, дар эҷоди мақолаҳои назариявии таърих истеъдодашро нишон додаст. Ҳиссаш дар бунёди мактаби хоси тақиқотӣ, омӯзишу парвариши мутахассисони соҳа, танзиму такмили васоити таълимию китобҳои дарсӣ ва ғайра калон аст. Умумане, ба ин қалами ин паҳлавони илми таърихи тоҷик зиёда аз 300 асару мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ – оммавӣ мансубанд, таълифоташ ба бисёр забонҳо чоп шудааст. Ӯ иштирокдори чандин симпозиуму конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмиллалии таърихшиносон мебошад. Намунаи осор
Адабиёт дар бораи Ҳ. Пирумшоев
Нигаред
Эзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia