HTML
HTML (англ. Hyper Text Markup Language) – забони нишонагузорӣ, ки барои сохтани Веб-саҳифаҳо истифода шуда, метавонанд дар браузер инъикос гарданд.[3] ТаърихHTML (Hyper Text Markup Language) – забони ҳиперматнии Шабакаи Ҷаҳонӣ - Интернет аст. Ин забон бори аввал аз ҷониби Тим Бернерс-Ли ихтироъ шудааст. Забони нишонагузории ҳиперматн аз маҷмӯи элементҳое, ки сохтори ҳуҷҷат ва тарзи намоиши онро идора мекунад, иборат аст. Нишонагузории ҳуҷҷатҳо бо ёрии аломатҳои махсуси нишонагузорӣ – тегҳо (tag) ба амал бароварда мешавад. Тегҳо барои браузерҳо нишондод буда, тарзи намоиши ҳуҷҷат (фораматиронии символҳо, ташкили абзатсҳо, ҷадвалҳо ва ҳ.к.) ва алоқаи он бо дигар URL-ресурсҳо (HTML-саҳифаҳо, расмҳо, серверҳо)-ро аниқ мекунад. Забони HTML дар натиҷаи раванди дуру дарози тараққии системаҳои иттилооти фавқулматнӣ, ки пайдоиши онҳо дар гузаштаи дур ниҳон аст, ба вуҷуд омадааст. Ғояи ин гуна системаҳо аз тарафи В. Буш соли 1945 дар пешниҳодҳо барои сохтани системаи иттилооти электромеханикии Memex ҷорӣ шуда буд. Ғояи системаи иттилоотии фавқулматнӣ аз он иборат аст, ки корбар имкони аз назар гузарондани санадҳо (сафҳаҳои матн) ба он тартиберо дорад, ки дар он ба вай ин бештар писанд аст, балки на пайдарпаӣ, чи гунае ки ҳангоми хондани китоб аст. Аз ин рӯ истилоҳи фавқматнро метавон ба таври кӯтоҳ ҳамчун матни ғайрихаттӣ (нелинейный) таъриф намуд. Ин бо роҳи сохтани механизми махсус барои рабти сафҳаҳои мухталифи матн ба воситаи пайвандҳои (Links) фавқматнӣ ноил мешавад, яъне матни одӣ дорои пайвандҳои “хаттӣ”-и намуди “баъдӣ-қаблӣ” мебошад, аммо дар фавқматн боз ҳар қадаре, ки лозим бошад пайвандҳои бисёри дигареро сохтан мумкин аст. Намунаҳои фавқматн доиратулмаорифҳо мебошанд, ки дар онҳо матни ҳар як мақола пайвандҳо ба мақолаҳои дигарро доро мебошанд ва он мақолаҳо, дар навбати худ ба пайвандҳо бо ким-кадом дигар мақолаҳоро доро мебошанд ва ҳоказо. Ба қадри кофӣ возеҳ аст, ки системаҳои фавқматнӣ воситаҳои хеле қулайи нигоҳдорӣ ва пайвастсозии иттилооти гуногуннавъе мебошанд, ки дар компютерҳои бисёри муттаҳид дар шабака истифода мешавад. Механизми дар назари аввал, содаи сохтани пайвандҳо масъалаи хеле мураккаб мебошад, зеро пайвандҳо бо ишора кардан ба кулли санад статистикӣ (статическими), пуё (динамическими), муттаҳид (ассоциированными) мешаванд, ё бо ишора кардан танҳо ба қисми ҷудогонаи санад метавонанд заминавӣ (контекстӣ) шаванд. Тараққии минбаъдаи ин равиши ба то ҳадди мафҳуми фавқрасона (гипермедиа) тавсия додани мафҳуми фавқматн аз ҳисоби ба он шомил гардонидани дигар манбаъҳои иттилоотӣ масалан, нигора (графика), иттилооти савтию (аудиовию), басарӣ (видеоӣ) боис мешавад. Таҳиягарони HTML бояд се масъаларо ҳал мегардонад:
Масъалаи якум аз ҳисоби интихоби намунаи (модели) барчаспии (тегии) тавсифи санад, ки дар системаҳои тайёр кардани санадҳо барои чап ба таври васеъ ба кор бурда мешавад, ҳал карда шуд. Мисоли ин гуна система забони хеле машҳури нишонгузории санадҳои илмии TeХ, ки аз тарафи Ҷамъияти математикии Америка пешниҳод гардидаст, ва барномаи интерпретатсияи тафсири онҳо мебошад.
Ба ҳамин тариқ пойгоҳи фавқматнии додаҳо дар назарияи Web-ин маҷмуаи файлҳое, мебошад, ки бо воситаҳои забони HTML, ки шакли ироа кардани иттилоот (нишонагузорӣ) ва сохтори робитаи ин файлҳоро (пайвандҳои фавқматнӣ) муайян мекунад, барчаспгузорӣ шудаанд. Нигоришҳои забони НTMLЗабони НTML доимо дар тараққиёт мебошад, ки тараққии воситаи Web-ро мунъакис мегардонад, ки ин дар баромадани нигоришҳои нави он зоҳир мешавад.
Пуштибонии таснифоти НTML, ки ба ин нигоришҳо мувофиқат мекунад аз тарафи консорсиуми W3C-созмони ғайритиҷоратие, амалӣ мешавад, ки соли 1994 барои таҳия намудани стандартҳо барои воситаҳои Web таъсис ёфтааст. Роҳбарии онро созандаи Web Тим Бернерс-Ли бар уҳда дорад ва қариб 165 созмон аз ҷумла иштирокчиёни он мебошад, аз он ҷумла ширкати Netscape ва Microsoft (бо натиҷаҳои корҳои консорсиум дар сайти http://www.w3.org шинос шудан мумкин аст.) Хусусиятҳои нигориши НTML 4Нигориши нави НTML 4 (декабри соли 1997) ва нигориши баъдии истеҳсолшудаи НTML 4.02 (24 декабри соли 1999) забони НTML 3.2-ро бо илова кардани механизмҳо барои истифода кардани ҷадвалҳои сабкҳои санад, намоишномаҳо, қобҳо, шайъҳои дарунсохт вусъат мебахшанд. Дар НTML 4 пуштибонии воситаҳои байналхалқие беҳбуд бахшида шудаанд, ки имкон медиҳад, ки масалан, самти матн тағйир дода шавад, имкониятҳои ҷадвалҳо ва формаҳо густариш ёфтаанд, воситаҳое илова шудаанд, ки дастёби ба Web-ро барои одамони имкониятҳояшон маҳдуд осон мегардонанд. Нигаред низДарсҳои HTMLВидео дарсҳои HTML
Эзоҳ
Пайвандҳо
|
Portal di Ensiklopedia Dunia