Абдусаттор Нуралиев
Абдусаттор Нуралиев (22 августи 1941, ноҳияи Қушробод, вилояти Самарқанд, ҶШС Ӯзбакистон — 20 марти 2020, Душанбе, Тоҷикистон) — адабиётшинос ва рӯзноманигори тоҷик, доктори илмҳои филология (1998), профессор (2002). Аълочии маорифи Тоҷикистон. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1976). Корманди фахрии макотиби олии касбии Федератсияи Россия (2011). Раиси ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Қазоқистон». ЗиндагиномаАбдусаттор Нуралиев — (22 августи соли 1941, деҳаи Кушрабоди ноҳия Кушрабоди вилояти Самарқанди Узбекистон), Факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Қазоқистонро хатм намуда, (1968) ба Шуъбаи журналистикаи факултети филологии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор омад. Фаъолияти омӯзгорӣ ва илмиву эҷодиаш дар факултети филология ва факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷараён ёфтааст. Аз соли 1993 то ба соли 1996 декани факултети журналистика, солҳои 1996—2001 мудири кафедраи журналистика ва адабиёти хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз сентябри соли 2002 мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва минбаъд профессори кафедраи номбурда буд.[1] Абдусаттор Нуралиев 20 марти соли 2020 дар ш. Душанбе даргузашт. Фаъолияти илмӣСамти пажӯҳиши Нуралиев масъалаҳои равобити адабии тоҷику қазоқ ва журналистика мебошад. Ба қалами ӯ зиёда аз 200 мақолаву рисолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таалуқ доранд. Мақолаи «Журналистикаи миллатҳои шӯравӣ» дар китоби «Советская многонациональная журналистика» — М., 1975 доир ба журналистика ва матбуоти тоҷик ҷой дода шудааст. ОсорИнчунин рисолаҳову монографияҳои зер аз нигоштаҳои ӯянд:
Ҷоизаҳо
Адабиёт
ДонистаниҳоАбдусаттор Нуралиев дар фильми мустанади «Мо донишгоҳро таъсис намудаем» (русӣ «Мы создали университет») дар бораи таърихи таъсиси Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон суханронӣ намудааст. Нигаред: «Мы создали университет»(рус.) Бойгонӣ шудааст 21 апрели 2021 сол. Пайвандҳо
Эзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia