Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (форсӣ: ناحیه عبدالرحمان جامی ) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. 29 августи 1930 ташкил ёфтааст. Масоҳаташ 682 км2. Марказаш — шаҳраки Ҷомӣ. ҶойгоҳАз маркази ноҳия то маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар 36 км, то шаҳри Душанбе 86 км, то наздиктарин истгоҳи роҳи оҳан – Вахш 12 км. Ноҳия 7 Ҷамоати деҳот (Ғиёсов, «Иттифоқ», «Ифтихор», «Дӯстӣ», ба номи М. И. Калинин, «50-солагии Тоҷикистон», Яккатут) ва як Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ (маркази ноҳия) дорад. МардумАҳолиаш 157,7 ҳаз. кас ҳаз. нафар (2016), асосан тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо, русҳо, тоторҳо ва ғайра. Мардуми ноҳия ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Зичии аҳолӣ дар 1 ҳазор км² - 262,8 нафар.[3]
ТаърихНомҳои пештарааш Арал, Куйбишев, Хоҷамастон. Бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12. 02. 2004 ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ номгузорӣ шудааст. Ҷуғрофиёи табиӣҲудуди ноҳия асосан дар водии Вахш, қисми шимолии он дар водии Ёвон воқеъ аст. Ноҳияро кӯҳҳои на чандон баланд (то 2000 м) иҳота кардаанд: аз ғарб қаторкӯҳи Оқтоғ, аз шимол кӯҳи Рангон ва аз шарқ кӯҳи Қаротоғ. Қисми марказии ноҳия ҳамвор, аз сатҳи баҳр 400 – 500 м баланд. Сарватҳои зеризаминиаш: намаки ош, гаҷ ва ғайра. Аз ҳудуди ноҳия дарёи Вахш мегузарад. НабототДар даштҳо янтоқ, шӯра, ҷорӯбак, явшон, дар кӯҳҳо камол, торон, ре-воҷ, савсани кӯҳӣ, кинг, юған, пиёзи кӯҳӣ, шибоғ, латтахор ва ғайра; аз дарахтон писта, дӯлона, бодоми кӯҳӣ ва ғайра мерӯянд. ҲайвонотАз ҳайвоноти ваҳшӣ гург, рӯбоҳ, шағол, ҷайра, аз хазандагон сангпушт, чанд намуди мор, аз парандагон кабк, бедона, мусича, гунҷишк, майна ва ғайра вомехӯранд. ИқлимИқлими ноҳия континентӣ, субтропикии хушк. Тобистонаш гарм; ҳарорати миёнаи июл 35 – 40°С, ҳарорати баландтаринаш 43°С. Зимистонаш нарм; ҳарорати миёнаи январ 9°С. Боришоти солона ба ҳисоби миёна 271 мм. Давраи нашв (беш аз 50) 300 рӯз. Хоки ҳудуди ноҳия асосан хокистарранг. БахшбандӣБар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ҷомӣ 1 шаҳрак ва 7 ҷамоат[4]. дорад
ҲукуматСарвари ноҳияи Ҷомӣ Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад. ИқтисодиётДар ҳудуди ноҳия Ассотсиатсияи истифодабарандагони об, 9 корхонаи хурд, 3 корхонаи нақлиётӣ, корхонаи коммуналӣ, 10 корхонаи ёрирасон, 6 ташкилоти саноатӣ, 4 ташкилоти сохтмонӣ, корхонаи нонпазӣ, хонаи хидмати маишӣ, хоҷагии моҳипарварӣ, идораи пиллахушккунӣ фаъолият доранд. КишоварзӣНоҳия дорои хоҷагии кишоварзии мутараққист. Соҳаи асосии он – пахтакорӣ, махсусан навъҳои маҳиннах. Инчунин чорводорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ, лимӯпарварӣ, кишти зироатҳои хӯроки чорво ва кирмакпарварӣ ривоҷ ёфтааст. Ноҳия 927 ташкилот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ дорад. Соли 2010 ба пахтакорӣ 850 хоҷагӣ ба чорводорӣ 25 хоҷагии омехта, ба ниҳолпарварӣ як хоҷагӣ ва ба боғдорӣ 5 хоҷагӣ машғул буданд. Майдони умумии заминҳои хоҷагии қишлоқ 59649 га (2009), аз ҷумла заминҳои кишт 16794 га, заминҳои обёришаванда 14580 га, заминҳои лалмӣ 2214 га. МаорифСоли хониши 2009 – 2010 дар ноҳия 41 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 12 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 8 мактаби ибтидоӣ, як литсей-интернат буд, ки дар онҳо 300576 нафар хонандагон таҳсил мекарданд. Дар ноҳия Омӯзишгоҳи касбҳои техникӣ, филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа, мактаби санъати бачагона мавҷуд аст. ФарҳангНоҳия шуъбаи фарҳанг, 10 китобхона, кохи фарҳанг, хонаи фарҳангии типи шаҳрӣ, 3 хонаи фарҳанги деҳотӣ, 2 дастаи ҳунарӣ: «Ғунча» ва «Шабчароғ» 2 идораи алоқа дорад. Рӯзномаи ноҳиявӣ – «Баҳористон» ном дорад. ТандурустӣДар беморхонаи марказӣ, дармонгоҳи ноҳиявӣ, 45 бунгоҳи тиббӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, Маркази мубориза зидди бемориҳои сил, шуъбаи бемориҳои пӯст, гӯшу гулӯ ва бинӣ, Маркази беҳдошти саломатӣ, шуъбаи бемориҳои сироятӣ 82 нафар духтурони маълумоти олидор, 441 нафар кормандони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ кор мекунанд. Роҳу нақлиётАз ҳудуди ноҳия роҳи оҳани Тирмиз – Қӯрғонтеппа – Ёвон мегузарад.[5] Эзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia