Ноҳияи Сангвор
Ноҳияи Сангвор, аввал Тавилдара (форсӣ: ناحیۀ طویلدره) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар кишвари Тоҷикистон аст. Ин ноҳия 27 октябри соли 1939 дар бахше аз вилояти Ғарми ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта аст. Маркази ин ноҳия шаҳраки Тавилдара аст, ки 190 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар канори рӯди Хингоб ҷойгир аст. ҶойгоҳНоҳияи Сангвор дар дараи рӯди Хингоб ва доманаи кӯҳистони Помир ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Тоҷикобод, дар шимолу шарқ — бо ноҳияи Лахш, дар шимолу ғарб — бо ноҳияи Рашт, дар ғарб — бо ноҳияи Нуробод аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ҷанубу ғарб — бо ноҳияи Ховалинг аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар ҷануб — бо ноҳияи Дарвоз, дар ҷанубу шарқ — бо ноҳияи Ванҷ ва дар шарқ — бо ноҳияи Мурғоб аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаммарз аст. МардумДар соли 1939 ноҳияҳои Сангвор (10961 нафар) ва Тавилдара (17916 нафар) дар якҷоягӣ 28877 нафар аҳолӣ доштанд, ки аз онҳо 28469 нафар (ё 98,6%) тоҷик буданд. Бино бар саршумори январи соли 2010, дар ин ноҳия 19,4 ҳаз тан бошанда будааст.[2] Мардуми ноҳияи Сангвор ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.
БахшбандӣБар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Сангвор 5 ҷамоати деҳот дорад[3]:
ҲукуматСарвари ноҳияи Сангвор Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Сангвор — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Сангвор ба муддати 5 сол интихоб мешавад. Эзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia