Саидбурҳони Абдураҳмонзода

Саидбурҳони Абдураҳмонзода
Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон
Таърихи таваллуд: 8 август 1959(1959-08-08) (65 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Дарвоз , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон – зооинженер, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома

Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон 8 августи соли 1959 дар ноҳияи Дарвоз таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1976 Омӯзишгоҳи техникии шаҳри Хоруғ ва соли 1988 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон хатм намудааст. Ихтисос: зооинженер

  • Солҳои 1977-1978-духтури ҳайвоноти Савхози «Сағирдашт»;
  • Солҳои 1978-1980-хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ;
  • Солҳои 1980-1986-духтури ҳайвоноти Савхози «Сағирдашт»;
  • Солҳои 1986-1989-зоотехники фермаи чорвопарварии №2;
  • Солҳои 1989-1991-мудири фермаи чорвопарварии Савхози «Сағирдашт»;
  • Солҳои 1991-1995-сарзоотехники Савхози «Сағирдашт»;
  • Солҳои 1995-2001-директори савхози «Сағирдашт»;
  • Солҳои 2001-2006-директори хоҷагии зотпарварии «Сағирдашт»;
  • Солҳои 2006-2013-раиси кооперативи истеҳсолии «Сағирдашт»;
  • Солҳои 2013-2013-сардори истеҳсолот дар ҶДММ «Таком Голд»;
  • Аз 13 декабр соли 2013 – раиси ноҳияи Дарвоз.
  • Солҳои 2015-2020- Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум. 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[1]
  • Аз 28 марти соли 2020 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 интихоб шудааст.

Аз 17 апрели соли 2020 — Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология (даъвати шашум, солҳои 2020-2025) [2]

Ҷоизаҳо

Бо Медали 10-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали «Хидмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.

Эзоҳ

  1. Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.
  2. Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон(тоҷ.). www. majmilli.tj. 12 феврали 2025 санҷида шуд.
Prefix: a b c d e f g h i j k l m n o p q r s t u v w x y z 0 1 2 3 4 5 6 7 8 9

Portal di Ensiklopedia Dunia

Kembali kehalaman sebelumnya