Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Пешво: Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузор: Эмомалӣ Раҳмон
Санаи асосгузорӣ: 10 декабр 1994
Қароргоҳ:
Маром: давлатгароӣ[d], иқтидоргароӣ, секулорисм, зидрӯҳонигарӣ[d], муҳофазакории миллӣ[d], миллигароӣ[d], мактаби суннатгароӣ[d] ва анти-коммунизм
Матбуоти ҳизб: Рӯзномаи «Минбари халқ»
Сайт: hkhdt.tj
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ; таъсис: 10 декабри соли 1994) — ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон, ки раҳбарии онро Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда дорад ва акнун ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон аст. Қароргоҳи он дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе[1], ва нашрияи марказии ҳизб рӯзномаи «Минбари халқ» аст.

Таърих

Ҳизби Халқии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар Анҷумани муассисони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил ёфтааст. Дар вазорати адлияи ҷумҳурӣ 15 декабри соли 1994 таҳти рақами 199 сабти ном шудааст. Дар арафаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 25 июни соли 1997 дар шаҳри Душанбе Анҷумани III Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барпо шуд. Дар он номи ҳизб ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд.

Нашрияи марказии ҳизб Рӯзномаи «Минбари халқ» аст, ки бо теъдоди 28 ҳазор нусха бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ҳафтае ду бор мебарояд. ҲХДТ маҷаллаҳои ҷамъиятию сиёсии «Меҳвар» ва «Зани муосир» низ дорад. Дар вилоятҳои Ҷамҳурии Тоҷикистон Кумитаҳои иҷроияи вилояти Суғд[2], вилояти Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳрҳои ноҳияи тобеи марказ таъсис дода шудаанд.

  • 10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард.
  • 15 декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таҳти №199 расман ба қайд гирифт.
  • 30 марти соли 1996 Анҷумани 2 – юми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардида буд.
  • 25 июни соли 1997 Анҷумани 3 – юми Ҳизби Халқии Тоҷикистон доир гардида, ибораи “Демократия” ба номи ҳизб ворид карда шуд ва аз ҳамон муҳлат Ҳизби Халқии Тоҷикистон ном бурда мешавад.[3]
  • 18 апрели соли 1998 Анҷумани 4 – уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расман раиси ҳизб интихоб намуд.
  • 23 сентябри соли 1999 Анҷумани 5 – уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзад ба мансаби ҲХТ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуд.[3]

Ҳизб ҳамчун қисми таркибии низоми сиёсии ҷумҳурӣ, аз рўзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гаштанаш, тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию қудрати зеҳнии аъзоёнаш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.

Ғояҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби аксарияти мардуми кишвар дастгирӣ ёфта, дар бартараф намудани мухолифатҳои дохилӣ, барқарории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, баргузории ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ тавонист, ки дар ташаккули сохтори давлатдории нав нақши муҳимро бозад.[3]

Идеология

Фаъолияти ҳизб барои бунёди давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

Фаъолият

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамчунин дар доираи Барнома ва Оинномаи хеш фаъолият мекунад.

Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон бо назардошти рушду пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ҳамкорӣ мекунад.

Фаъолияти ташкилию таблиғотиашро ҲХДТ дар асоси усулҳои зерини демократӣ ба амал мебарорад:

  • умумияти ғоявӣ, рафоқати ҳизбӣ, ягонагии манфиату ҳадафҳои ҳизб, баробарии ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамаи аъзоёни ҳизб, интизоми бошуурона;
  • эҳтиром ба нуқтаи назари ҳар як аъзои ҳизб, худидоракунии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ошкорою шаффоф будани фаъолияти ҳизбии сиёсӣ;
  • интихобӣ будани ҳамаи вазифаҳои роҳбарикунандаи ҳизбӣ аз поён то боло;
  • ҳамеша ҳисоботдиҳанда будани мақомоти ҳизбӣ;
  • интизоми қатъии ҳизбӣ ва ҳатмӣ будани қарорҳои мақомоти болоии ҳизбӣ барои мақомоти поёнӣ;
  • роҳбарии дастҷамъона ба ҳамаи мақомоти ҳизбӣ, масъулияти шахсии ҳар аъзои ҳизб барои иҷрои вазифаҳою супоришҳои ҳизбӣ.

ҲХДТ дар фаъолияти худ ба кори миёни занону ҷавонон эътибори махсус медиҳад. 3,5 ҳазор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки дар ҳамаи маҳаллаю кӯчаҳо, ҷамоатҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, дар сафҳояшон бештар аз 102 000 аъзои ҳизбро муттаҳид мекунанд. Аз онҳо 35 дарсадро занон ва бештар аз 48 дарсадро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Роҳбарон

Раиси ҳизб — Эмомалӣ Раҳмон (Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 10 декабри соли 1994 — 25 июни соли 1997) ва (аз 25 июни соли 1997 Роҳбари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон)[3]

Натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ

Интихобот Мандатҳо
1995
5 / 181
2000
36 / 63
2005
49 / 63
2010
55 / 63
2015
51 / 63
2020
47 / 63
2025
49 / 63

Интихоботи президентӣ

Сол Номзад аз ҳизб %
1999 Эмомалӣ Раҳмонов 97,6
2006 Эмомалӣ Раҳмонов 79,3
2013 Эмомалӣ Раҳмон 83,9
2020 Эмомалӣ Раҳмон 90,9

Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Ҳизб ҳамкориҳои дӯстонаро ба ҳизбҳои сиёсии зерин ба роҳ мондааст:

Эзоҳ

Пайвандҳо

  • hkhdt.tj — вебгоҳи расмии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Prefix: a b c d e f g h i j k l m n o p q r s t u v w x y z 0 1 2 3 4 5 6 7 8 9

Portal di Ensiklopedia Dunia

Kembali kehalaman sebelumnya