Шарифҷон Ҷумазода

Шарифҷон Ҷумазода
Ҷумазода Шарифҷон
Таърихи таваллуд: 26 август 1982(1982-08-26) (42 сол)
Зодгоҳ: Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (2004)
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарифҷон Ҷумазода (Ҷумазода Шарифҷон тав. 26 августи соли 1982, шаҳри Хуҷанд) — арбоби давлатии тоҷик, вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома

  • Солҳои 2004-2005 — мутахассиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шаҳри Хуҷанд;
  • Солҳои 2005-2007 — сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд;
  • Солҳои 2007-2010 — сармутахассиси шуъбаи назорати дастгоҳи раиси вилояти Суғд;
  • Солҳои 2010-2011 — мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти Суғд;
  • Соли 2011 — муовини роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд;
  • Солҳои 2011-2013 — роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғд;
  • Солҳои 2013-2016 — мудири котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2016-2022 — раиси шаҳри Ҳисор;
  • Аз 27 январи соли 2022 — раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[1]

Эзоҳ

  1. Ҷумазода Шарифҷон(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 феврали 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 августи 2024.
Prefix: a b c d e f g h i j k l m n o p q r s t u v w x y z 0 1 2 3 4 5 6 7 8 9

Portal di Ensiklopedia Dunia

Kembali kehalaman sebelumnya