Ғуломҳайдар Ғуломалиев
Ғуломҳайдар Ғуломалиев (6 сентябр 1904, Рӯшон, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 19 апрел 1961[1], Маскав) — хореограф, оҳангсоз ва навозандаи тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии СССР (1957). ЗиндагиномаҒуломҳайдар Ғуломалиев соли 1933 дар назди клуби ноҳияи Рушон дастаи ҳаваскорони санъатро ташкил намуд. Солҳои 1940-41 артисти Ансамбли тарона ва рақси Помири Филармонияи давлатии Тоҷикистон, баъд то охири умр роҳбари ҳамин ансамбл буд. Ғуломалиев ҳамчун хореограф ва оҳангсоз дар ривоҷу равнақи санъати миллии тоҷик ҳиссаи босазое гузошт. Беҳтарин оҳангҳои эҷодкардаи Ғуломалиев ба ашъори халқӣ ва шоирони тоҷик инҳоянд: «Нола кунам», «Салом аз Бадахшон», «Маҳбуба», «Ба-деҳа», «Баҳори Бадахшон», «Суруд дар васфи Москав» ва ғайра Ғуломалиев дар таълиму тарбияи ҳунарпешагони ҷавон хидмати арзанда кардааст. Ансамбли бачагон, ки солҳои ҷанг дар Бадахшон ташкил карда буд, асоси Ансамбли тарона ва рақси Помир гардид. Гурминҷ Завқибеков, Нуқра Раҳматова, Савсан Бандишоева, Ғ. Худоёрбекова, С. Шоисмоилова ва чанд тани дигарон шогирдони ӯянд.[2] Эзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia