Муҳаммад Осимӣ
Дархости «Муҳаммад» ба инҷо равона мешавад; ҳамчунон ниг. мазмунҳои дигар.
Муҳаммад Осимӣ (Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ; 1920—1996) — фаласуф, доктори илмҳои фалсафа (1971), академики Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1978). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1965—1988)[3]. ЗиндагиномаМуҳаммад Осимӣ Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст (1941). Солҳои 1941—1946 дар сафҳои Армияи Шӯравӣ хидмат ва дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардааст. Солҳои 1946—1952 мудири кафедраи физика ва муовини директор оид ба корҳои илмию таълимии Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод, муовини директори Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд, 1952—1955 аспиранти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ, 1956—1962 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ ва соли 1962 Вазири маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон буд. Солҳои 1962—1965 ба ҳайси раиси Коммитети назорати ҳизбию давлатӣ, котиби КМ ҲК Тоҷикистон ва ҷонишини раиси Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1965 вазифаи Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистонро иҷро намудааст. Ҳамзамон солҳои 1991—1996 вазифаи раиси Ҷамъияти Пайвандро бар дӯш дошт. Охирҳои солҳои 80-ум ва ибтидои 90-уми асри XX дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев ба донишҷӯён ва аспирантон аз фанни фалсафа дарс гуфтааст. Зери роҳбариаш шогирдони зиёде рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудаанд. Ӯ вакили съездҳои ХХIУ, ХХV ва ХХVI-и ҲКИШ, депутати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 6), депутати Совети Олии ИҶШС (даъватҳои 7 ва 14) ва аъзои КМ ҲК Тоҷикистон (1962) буд. Фаъолияти илмӣСамтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фалсафаи табиатшиносӣ; таърихи фалсафа, илм, забон, адабиёт. Муаллифи зиёда аз 10 асар ва 250 мақолаҳои илмӣ мебошад. Таълифотҳои ӯро масъалаҳои худшиносӣ, тадқиқи паҳлӯҳои осори Амир Хусрави Деҳлавӣ, масоили ҳастишиносӣ, аз ҷумла тасвири физикии олам ва муаррифинамоии нақши тоҷикон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ фарогир мебошанд.[4] Осори илмӣ
Ҷоизаҳо
Эзоҳ
Адабиёт
Пайвандҳо
|
Portal di Ensiklopedia Dunia