Ӯлмас Мирсаидов
Ӯлмас Мирсаидович Мирсаидов (зод. 10 ноябр 1945, Истаравшан, вилояти Суғд) — кимиёдони тоҷик, доктори илми химия (1985), профессор (1988), академики АМИТ (1993). Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2009), барандаи Ҷоизаи Фонди исломии рушди илм, технология ва фарҳанг (ISESCO) (2010). Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2023)[1] ЗиндагиномаИнститути химияву технологияи ба номи Д. И. Менделееви Москваро хатм кардааст (1967)[2]. Доктори илми химия (1985), профессор (1988). Академик (1993, ихтисос — «химия», узви вобаста, 1987). Директори Институти химияи ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ (1988—2002), директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ, директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ АИ ҶТ аз (2005 . Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химияи моддаҳои энергиядор, технологияи коркарди ашёи хоми маъданӣ, амнияти радиоэкологӣ, экологияи химиявӣ. . ТаълифотМуаллифи беш 450 мақола, 15 монография, 75 шаҳодатномаи ҳуқуқи муаллиф ва патент мебошад. Натиҷаҳои таҳқиқоти бунёдии ӯ бо хулосаҳои мусбӣ дар заводҳои гидрометаллургии Исфара (ҶШС Тоҷикистон) ва ТҶ "Навоиазот" (ҶШС Узбакистон) санҷида ва татбиқ карда шуданд ва аз ҷониби Комиссияи Академияи илмҳои ИҶШС баҳои баланд гирифтанд[3]. Унвону ҷоизаҳо
Эзоҳ
Пайвандҳо |
Portal di Ensiklopedia Dunia