Раъйпурсии конститутсионии Тоҷикистон (1994)
Раъйпурсии умумихалқӣ дар Тоҷикистон оид ба қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 баргузор гардид, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин раъйпурсӣ гардид. Раъйпурсӣ дар пасманзараи идомаи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, ки моҳи майи соли 1992 оғоз шуда, танҳо дар моҳи июни соли 1997 ба поён расид, сурат гирифт. Дар натиҷаи раъйпурсӣ Конститутсияи комилан нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд, вай ба ҷойи Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон (соли 1978) иваз гардид. ЗаминаПас аз эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ИҶШС 9 сентябри соли 1991 Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон, ки 14 апрели соли 1978 аз ҷониби Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон қабул шуда буд, дар ҷумҳурӣ амалашро давом дод. Моҳи майи соли 1992 дар ҷумҳурӣ миёни ҳукумати кунунии коммунистӣ ва навкоммунистии ҷумҳурӣ, Ҷабҳаи халқии Тоҷикистон аз як тараф ва аз тарафи дигар, Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки ба ҳайати ҳизбу ҳаракатҳо ва нерӯҳои исломӣ, демократӣ ва миллатгаро шомил буданд, дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд. Ҳукумати феълии коммунистӣ ва навкоммунистӣ ва ҳам Иттиҳоди мухолифини тоҷик тарафдори қабули Конститутсияи комилан нав буданд, вале ҳар як ҷониб лоиҳаҳои Конститутсияи нави хешро дошт. Натиҷаҳои раъйпурсӣСарфи назар аз он ки қисми зиёди аҳолии ҷумҳурӣ (гурезагон) дар натиҷаи ҷанг ба Русия, Ӯзбекистон, Афғонистон ва дигар кишварҳо кӯч бастанд, тибқи маълумоти расмии КМИР дар раъйпурсӣ иштироки рекордии овоздиҳандагон 94,40 % ташкил дод. Ин арқомро бархе аз нозирони хориҷӣ ва ҳамчунин намояндагони Иттиҳоди мухолифини тоҷик зери суол гузоштанд. Мувофиқи маълумоти расмй 95.70 % овоздиҳандагон ба тарафдории қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз доданд ва 4,28 % шаҳрвандон ба муқобили он овоз доданд. Худи ҳамон рӯз раъйпурсӣ баргузоршуда эълон шуд. [1] Конститутсияи нав бо 90% овозҳо дастгирӣ ёфт. [2] Нуқтаҳои асосии Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол: ҷорӣ намудани ҳокимияти президентӣ, парлумони якпалатагӣ, давлати дунявӣ эълон шудани Тоҷикистон ва манъи таъсис ва сабти номи ҳизбҳои сиёсии динӣ, ӯҳдадории риояи қонунгузории миллӣ, раъйпурсии конститутсионӣ барои ворид намудани тағйироту иловаҳои оянда ба Конститутсия. Натиҷаҳо
Эзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia