Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон (2000)
Интихоботи парлумонии соли 2000 дар Тоҷикистон навбатӣ буда, дуввумин интихобот дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. 63 нафар вакилони ) даъвати 1 — палатаи поёнии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Маҷлиси Олии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999 дар Раъйпурсии конститутсионии Тоҷикистон (1999) дупалатагӣ шуда буд. ЗаминаИн аввалин интихоботи порлумонӣ пас аз анҷоми Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992—1997) дар ҷумҳурӣ буд. Дар давраи тайёрӣ ба интихобот дар шароити ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Пас аз он ки фаъолияти аҳзоби сершумори мухолиф дар солҳои Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992—1997) мамнӯъ шуд, бархе аз онҳо пас аз соли 1997 дар чаҳорчӯби созиши ҳукумат ва мухолифон дубора барқарор шуданд. Пас аз он ки ақоиди гуногун ва гуногунандешии ҳизбӣ ба ин васила ташаккул ёфт, шумораи маҳдудиятҳо дар моҳҳои пеш аз интихобот афзоиш ёфт. Фаъолияти шаш ҳизб асосан ба далели иштибоҳҳои расмӣ дар сабти ном ё нақзи қоидаҳои интихобот дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ мамнӯъ ва ё боздошта шуданд. Ин сиёсати шадиди ҳукумат нигарониҳои мухолифинро аз василаи одилонаи интихобот ба бор овард. Моҳи августи соли 1999 ба ду ҳизби умдаи мухолиф, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби демократии Тоҷикистон иҷоза дода шуд, ки дар интихобот ширкат кунанд. Илова бар ин, бисёре аз сиёсатмадорони мухолиф аз аҳзоби боздоштшуда дар феҳристи интихоботии аҳзоби дигар буданд ва ё ба унвони номзади мустақил дар яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ ширкат карданд. Ҳамин тариқ, рақобати сиёсӣ байни ҳизбҳо ва номзадҳои гуногун ба вуҷуд омад. Дар натиҷа, Кумитаи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ба шаш ҳизб — Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, бо раҳбарии Шодӣ Шабдолов, инчунин чаҳор ҳизбро барои ширкат дар интихобот иҷоза дод. Аҳзоби мухолиф: Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо раҳбарии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Ҳизби демократи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мирҳусейн Назриев, инчунин гурӯҳи номзадҳои «Мухолифини нав», ки аъзои ҳизбҳои хурд ва ба қайд гирифтанашуда, инчунин баъзе номзадҳои ғайриҳизбро муттаҳид мекардаанд. Ҳамаашон расман ба унвони номзади мустақил сабти ном шуда буданд, аммо расман аъзои ин гурӯҳ буданд ва қасд доштанд дар сурати ворид шудан ба порлумон фраксияи худро бо ин ном ташкил кунанд. Натиҷаҳо
РейтингҳоАксари нозирони созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ, ки дар ин интихобот ширкат доштанд, аз онҳо интиқод карданд. Аз ҷумла, намояндагони САҲА таъкид карданд, ки «интихоботи парлумонии соли 2000 дар Тоҷикистон мувофиқи ӯҳдадориҳои давлати узв дар назди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баргузор нашуд»[2] . Эзоҳ
Пайвандҳо |
Portal di Ensiklopedia Dunia