Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон (2020)
Интихоботи навбатии Президенти Тоҷикистон — 11 октябри соли 2020 баргузор шуд. Ин интихобот (бо назардошти интихоботи президентии соли 1990 дар ҶШС Тоҷикистон) шашумин интихоботи президентӣ дар таърихи Тоҷикистони мустақил мебошад. НомзадҳоНомзадҳои сабтиномшудаҚарори Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 сентябри соли 2020 қабул гардид, ки дар он 5 номзади пешниҳодшуда сабти ном шуданд[2].
Номзадҳои сабтиномнашудаКомиссияи марказӣ бинобар ба талаботи қисми сеюми моддаи 65 Конститутсия ва қисми чоруми моддаи 24-и Қонуни конститутсионии болозикр ҷавобгӯй набудани ҳуҷҷатҳо бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзодаро, ки аз ҷониби Ҳизби Демократи Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, рад намуд[3]. НатоиҷИнтихоботи Президенти Тоҷикистон рӯзи 11 октябри соли 2020 бо иштироки 4 миллиону 238 ҳазору 839 интихобкунанда, ки 85,44 % шумораи умумии интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохилкардашударо ташкил дода, баргузоршуда дониста шуд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи овозҳои ба «тарафдорӣ» ва шумораи овозҳои «зид»-и ҳар як номзад додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи ниҳоии онро бо чунин нишондиҳандаҳо тасдиқ менамояд:
Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаи ниҳоии интихобот бо гирифтани 3 миллиону 853 ҳазору 987 овози интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштирокнамуда, ки 90,92%-ро ташкил медиҳад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуда ҳисобида мешавад.[4].
Эзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia