Раъйпурсии умумииттифоқӣ барои пойдории ИҶШС![]() Раъйпурсии умумииттифоқӣ оид ба нигоҳ доштани ИҶШС — ягона раъйпурсӣ дар таърихи Иттиҳоди Шӯравӣ, 17 марти соли 1991 барпо гардид. Ба референдум масъалаи « Оё шумо зарур мешуморед, ки Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравиии Сотсиалистӣ ҳамчун федератсияи навшудаи ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри баробарҳуқуқ нигоҳ дошта шавад, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои мардуми ҳар миллат пурра таъмин карда мешавад». Баргузории раъйпурсӣ дар ҶШС Русия, ҶШС Украина, ҶШС Белоруссия, ҶШС Қазоқистон, ҶШС Озарбойҷон, ҶШС Ӯзбекистон, ҶШС Тоҷикистон, ҶШС Қирғизистон ва ҶШС Туркманистон дастгирӣ ёфт. Дар баробари ин дар ҶШС Литва, ҶШС Латвия, ҶШС Эстония, ҶШС Гурҷистон, ҶШС Молдавия ва ҶШС Арманистон ҳамапурсӣ гузаронда нашуд. НатиҷаҳоАз 185,6 миллион нафар шаҳрвандони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ҳуқуқи интихоботӣ доранд, 148,5 миллион нафар (80,0 %). интихобкунандагон. 145,82 миллион (98,14 %)-и бюллетенҳо эътиборнок дониста шуданд, 2,76 миллион (1,86 %) — эътибор надорад. 113,5 миллион нафар ба саволи раъйпурсӣ «Ҳа» ҷавоб дод. (77,85 %), "Не" — 32,3 миллион навар (22.15 %) ҷавоб дод. [1] Ҳамзамон бо ин раъйпурсӣ дар РСФСР дар бораи ҷорӣ кардани мансаби президенти РСФСР раъйпурсии умумироссиягӣ ва дар Украина бо исрори Ҳаракати халқии Украина барои бозсозӣ, раъйпурсии ҷумҳуриявии машваратӣ баргузор гардид: «Оё шумо розӣ ҳастед, ки Украина дар асоси Декларатсияи соҳибихтиёрии давлатии Украина бояд қисми Иттиҳоди Давлатҳои Шӯравӣ бошад». Бештар аз 80% нафар аз пурсидашудагон ба он посухи мусбат доданд
Эзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia