Ҳизби аграрии Тоҷикистон
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2005 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шудааст. Солҳои 2005—2014 — Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон — Қароқулов Амир Бӯриевич — доктори илмҳои кишоварзӣ (1994), узви вобаста (1994) ва узви пайваста (2001)-и Академияи илмҳои кишоварзӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон буд. Аз соли 2014 раиси ҳизб Рустам Барот Латифзода мебошад. 24 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Анҷумани IX Ҳизби аграрии Тоҷикистон баргузор гардид. Бо ҷонибдории вакилони Анҷумани IX Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода бори дигар Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон интихоб шуд. [1]. Натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2015Дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V тибқи пешниҳоди Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуда буданд:
Дар натиҷаи интихоботи 1 марти соли 2015 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ — Рустам Барот Латифзода (раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон), Толибек Аҳмадович Бухориев ва Мирзоанвар Халифаевич Ахмедов — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V интихоб шуданд[3] Натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2020Мувофиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳоди Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуда буданд: Тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав: Ҳизби аграрии Тоҷикистонро - 4 нафар намояндагӣ мекунанд.
1 марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати
раъйи интихобкунандагонро касб намуданд. Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав: ҲХДТ-ро 12 нафар, ҲАТ-ро - 4 нафар, ҲИИТ-ро 4 нафар, ҲДТ-ро 1 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.[5] Рӯихати номзадҳо аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон12 феврали соли 2025 Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаҳои 12 ва 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои номзадҳо рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд. Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 13 нафар ба қайд гирифта шуд:
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025.Дар асоси рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар КМИР пешниҳод ва тасдиқ гардида буд, шахсони зерин вориди порлумони нав - Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум шудаанд:
НигаредПайвандҳо
Эзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia