Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон
ТаърихҲизб 15 июни соли 1996 таъсис дода шудааст, ва 6 августи ҳамон сол сабти ном гардид.[1] Ҳизби сусиёлисти Тоҷикистон дар нахустин анҷумани он дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, таъсис ёфт ва нахустин раҳбари он зан буд. Аммо дар соли 1997 раҳбарии ҳизбро Сафаралӣ Кенҷаев, ҳуқуқдони саршинос, раиси пешини Шӯрои Олӣ ё порлумони Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони фақиди Ҷабҳаи миллии ин кишвар ба уҳда гирифт. Сафаралӣ Кенҷаев дар моҳи марти соли 1999, ҳашт моҳ пеш аз интихоботи дуввуми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки интизор мерафт дар он ширкат кунад, дар яке аз маҳаллоти шаҳри Душанбе аз сӯйи афроди номаълум ба қатл расид. Пас аз марги Сафаралӣ Кенҷаев, дар соли 2000, Мирҳусейн Назриев, корманди Пажӯҳишгоҳи физики нуҷумии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон раҳбари ин ҳизб интихоб шуд. Вале дар соли 2004 дар миёни аъзо ва тарафдорони ин ҳизб шикофе ба миён омад. Дар моҳи июли ҳамон сол Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев бо баргузории як ҷаласаи ҳизбӣ Мирҳусейн Назриевро аз симати раҳбарии ҳизби сусиёлист дар ғиёбаш барканор карданд.[2] Анҷумани 12-уми ғайринавбатии ҲСТДар Анҷумани 12-уми ғайринавбатии ҲСТ, ки рӯзи 23 июли соли 2024 дар Душанбе баргузор шуд, Абдуҳалим Ғаффоров пас аз 20 сол аз раисии ҳизб канор рафт. Ғаффоров пас аз 20 сол аз раисии ҳизб канор рафт. [3]. Бо тариқи овоздиҳӣ дар Анҷуман Ғулом Ҳалимзода раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон интихоб гардид. [4]. Интихоботи соли 20201 марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати
раъйи интихобкунандагонро касб намуданд. Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав: Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.[5] Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон12 феврали соли 2025 Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаҳои 12 ва 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои номзадҳо рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд. Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон Рўйхати номзадҳо аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 6 нафар ба қайд гирифта шуд:
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025.Дар асоси рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар КМИР пешниҳод ва тасдиқ гардида буд, шахсони зерин вориди порлумони нав - Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум шудаанд: Вакилони Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон:
Эзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia