Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон
ТаърихҲизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2005 бо баргузории анҷуман ва тасвиби низомномаву интихоби раҳбараш таъсис шуд[1] Дар авохири соли 2005 ҳизби ҷадиди ислоҳоти иқтисодӣ, ки бархе аз соҳибназарони тоҷик онро «ҳизби кисагии ҳукумат» хондаанд, таъсис шуда ва Олим Бобоев раиси ин ҳизб интихоб гардид.[2]. Зимнан, О.Бобоев дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 ба ҳайси номзад ширкат карда ва пас аз Эмомалӣ Раҳмон (79,3 дарсад) бештари ороро (6,2 дасад) ба даст оварда буд. Анҷумани 4-уми ғайринавбатии Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки баъд аз зӯҳри ҷумъаи 20 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Олим Бобоев, раҳбари ҳизбро номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.[3] Бори дуюм Олим Бобоев ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи соли 2013 иштирок кардааст. Ӯ ин дафъа (3,91 дарсад) овозҳои интихобкунандагонро ҷамъ оварда буд.[4] Моҳи декабри соли 2019 дар Анҷумани Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон раиси пешини ҲИИТ Олим Бобоев аз мансаби раиси даст кашид ва Рустам Раҳматзода (Рустам Қудратов) - сиёсатмадор, иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисод, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси нави Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб шуд. 20 июли соли 2024 зимни ҷаласаи ғайринавбатии ҳизб, раиси пешини ҲИИТ Рустам Қудратов аз мансаби раиси даст кашид. Рустам Қудратов таклифи идомаи фаъолият ба ҳайси роҳбари ҳизбро рад кард ва таъкид намуд, ки барои муваффақияти бештар дар интихоботи парлумонии соли 2025 аз вазифа меравад. Бояд гуфт, Рустам Қудратов 5 соли охир, аз соли 2019 роҳбарии ҲИИТ-ро ба зимма дошт. Ғиёсиддин Ашӯрзода Раиси нави Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ дар ин вазифа Рустам Қудратовро, ки аз соли 2019 роҳбари ҳизби мазкур буд, иваз намуд.[5]. Ғиёсиддин Ашӯрзода сеюмин раиси ҲИИТ гардид. Ӯ 48 сол дошта, зодаи ноҳияи Ҳисор аст. Соли 1999 Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ хатм кардааст. Ашӯрзода солҳои зиёд дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси муаллим, мудири кафедра, декан ва муовини ректор кор кардааст. Соли 2020 вакили парлумон интихоб шуд. Ҳамчунин, дар ин ҷаласаи ғайринавбатӣ Машраб Файзулло, ректори кунунии Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон бори дигар муовини аввали раиси ҳизб интихоб шуд. Якҷо бо ӯ, Рустам Қудратов, Сарвиноз Наҷмиддинова ва Ҳайдар Раҳматзода муовинони раиси ҳизб интихоб шуданд. Тибқи иттилои роҳбари ҳизб, айни ҳол ҲИИТ 33 ҳазор аъзо дорад.[6]. Натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2015Олимҷон Бобоев ва Рустам Раҳматович Қудратов — 1 марти соли 2015 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V шудаанд[7] Натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2020Мувофиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳоди Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуда буданд:
Қудратов Рустам Раҳматович, Машраб Файзулло Курбоналӣ — 1 марти соли 2020 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI шудаанд. 1 марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати
раъйи интихобкунандагонро касб намуданд. Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав: Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистонро 4 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.[9] Интихоботи Раиси ҳизб25 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Анҷумани XI Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар анҷуман, Раиси ҳизб Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод номзади илмҳои иқтисод, мудири кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон интихоб гардид.[10] Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон12 феврали соли 2025 Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаҳои 12 ва 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои номзадҳо рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд. Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон. Рўйхати номзадҳо аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII дар ҳайати 13 нафар ба қайд гирифта шуд:
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025.Дар асоси рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар КМИР пешниҳод ва тасдиқ гардида буд, шахсони зерин вориди порлумони нав - Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум шудаанд: Дар рӯйхати тасдиқшудаи номзадҳои ҳизби мазкур номи раиси ҳизб дар садри феҳрист қарор дошт, вале Ғиёсиддин Ашӯрзода аз ҳавзаи якмандатии Шаҳринав ғолиб омада, вориди Маҷлиси намояндагони МО ҶТ шуд. Аз ин рӯ, ба ҷои Ашӯрзода аз рӯйхати ҳизбӣ нафари баъдӣ соҳиби мандат мешавад. 1. Сарвиноз Маҷидзода, собиқ вакили даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон. 2. Рустам Раҳматзода, собиқ вакили даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон. 3. Зафар Ализода, собиқ вакили вакили даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон. [12] 4. Наима Солизода, мудири кафедраи менеҷменти маркетинги Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон.[13]. 5. Фирӯз Ҳақназарзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Кӯлоб», нашрияи мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.[14]. Пайвандҳо
Эзоҳ
|
Portal di Ensiklopedia Dunia