Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — палатаи поёнии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муҳлати ваколати палата 5 сол аст. ВакилонМаҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси Намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Салоҳияти Маҷлиси Намояндагони МО Ҷумҳурии Тоҷикистон![]()
Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ аз рӯи масъалаҳои зикршудаи салоҳияташ қарор қабул мекунад. Қарори Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилон қабул мегардад, агар тартиби дигари қабули қарорро Конститутсия муайян накарда бошад. Иҷрои қарорҳои Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ аст. Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияхоро дар сурати ба Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накардани онҳо бекор мекунад. Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, ошкорбаёнӣ, дастаҷамъӣ, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешӣ ва масъулият дар назди халқ ба амал мебарорад. Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ ҳокимияти қонунгузориро ба амал бароварда, санадҳои зерин қабул мекунад:
Кумитаҳо ва комиссияҳо![]() ![]() Мақолаи асосӣ: Кумита ва комиссияҳои МН МО Тоҷикистон
Кумитаҳо
Комиссияҳо
Интихоботи соли 2000Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» 27 феврали соли 2005 интихобот ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати II (2000-2005) баргузор гардид. ![]() Натиҷаҳои интихобот
Интихоботи соли 2005Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» 27 феврали соли 2005 интихобот ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати III (2005-2010) баргузор гардид. ![]() Натиҷаҳои интихобот
Аз шумораи умумии вакилон 11 нафар занон мебошанд. Дар байни вакилони Маҷлиси Намояндагон 11 нафар - ҳуқуқшинос, 12 нафар - муҳандис, 7 нафар - иқтисодчӣ, 3 нафар - агроному зоотехник, 26 нафар - омӯзгор, 1 нафар - духтур, 1 нафар - рӯзноманигор, 1 нафар - китобшинос, 1 нафар - мутахассиси равобити байналмилалӣ, 2 нафар - байтор фаъолият мекарданд. Аз ҷумла - 3 нафар узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, 7 нафар - доктори илм, 11 нафар - номзади илм. Интихоботи соли 2010Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҳлиси Олии ҶТ» 28 феврали соли 2010 интихобот ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV (2010-2015) баргузор гардид. Натиҷаҳои интихобот![]()
Интихоботи соли 2015Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҳлиси Олии ҶТ» 1 марти соли 2015 интихобот ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V (2015-2020) баргузор гардид. Натиҷаҳои интихобот![]()
Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати
раъйи интихобкунандагонро касб намуданд. Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав ҲХДТ-ро 16 нафар, ҲАТ-ро — 3 нафар, ҲИИТ-ро 2 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд. Ба иттилои манбаъ, дар интихобот 4 млн. 319 ҳазору 395 интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 3 млн. 791 ҳазору 827 нафар овоз доданд. Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ 35 нафар номзадҳои ҲХДТ, 2 номзади ҲАТ, 2 намояндаи ҲКТ ва 1 нафарӣ номзадҳои ҲДТ ва ҲИИТ пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.[3] Интихоботи соли 2020Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҳлиси Олии ҶТ» 1 марти соли 2020 интихобот ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI (2020-2025) баргузор гардид. Натиҷаҳои интихобот![]()
Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати
раъйи интихобкунандагонро касб намуданд. Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав: ҲХДТ-ро 12 нафар, ҲАТ-ро — 4 нафар, ҲИИТ-ро 4 нафар, ҲДТ-ро 1 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.[4] 4 миллиону 245 ҳазору 951 нафар интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки ин 86,4%-и шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад. шумораи овозҳои интихобкунандагоне, ки ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дода шудаанд, 52 ҳазору 30 нафар ё 1,39%-ро ташкил медиҳад. Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ: ҲХДТ — 35 нафар, ҲАТ — 3 нафар, ҲКТ — 2 нафар ва ҲИИТ — 1 нафар пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.[4] Интихоботи соли 2025Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҳлиси Олии ҶТ» 2 марти соли 2025 интихобот ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII (2025-2030) баргузор гардид. Натиҷаҳои интихобот![]()
Аз рӯи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ба ҷонибдории рӯйхати
раъйи интихобкунандагонро касб намуданд. Дар маҷмуъ 4 миллиону 712 ҳазору 967 нафар интихобкунандагон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок намуданд, ки ин 85,3 фоизи шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад. Иттилоъ дода шуд, ки шумораи овозҳои интихобкунандагоне, ки ба муқобили рӯйхати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дода шудаанд, 50 ҳазору 895 нафар ё 1,1 фоизро ташкил медиҳад.[5] Раисони Маҷлиси Намояндагони МО Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эзоҳ
Пайвандҳо |
Portal di Ensiklopedia Dunia